Афзоиши 1,4 миллион долларии буҷаи Маҷлиси миллӣ

Шумораи кормандони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад, бетағйир боқӣ мондааст, аммо хароҷот  дар соли оянда 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ин маблағ дар қиёс ба хароҷоти имсола 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда буд.

Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Илёс Идрисзода ҳафтаи равон дар ҷаласаи парлумон тавзеҳ додааст, ки маблағҳои мазкур асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегарданд.

Ҳол он, ки дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки ҳанӯз соли 2019 тасдиқ шудаанд, ягон тағйирот ворид нашудааст.

Ба гуфти Идрисзода басти вазифаҳои дастгоҳи палатаи болоии парлумон аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.

Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли равон низ аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад. Пас маблағи изофагии ҷудошуда аз буҷаи кишвар ба куҷо меравад, муаммост.

Қаблан Маҷлиси миллӣ барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Дастгоҳи Маҷлис озмун эълон карда буд, ки маош аз 1200 сомонӣ то 3300 сомониро ташкил медод.

Маҷлиси миллӣРустами ЭмомалӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment