Ҷиҳоди исломӣ: озодии Фаластин ва нобудии Исроил наздик аст

 Яке аз сарони ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ таъкид кард, ки ҷиноятҳои саҳюнистҳо фақат боис хоҳад шуд, ки нобудии режими саҳюнистӣ зудтар сурат бигирад.

Яке аз сарони ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ таъкид кард, ки ҷиноятҳои саҳюнистҳо фақат боис хоҳад шуд, ки нобудии режими саҳюнистӣ зудтар сурат бигирад.

Аҳмад Мудаллил аз сарони ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин, таъкид кард, ки шаҳодати се фаластинӣ тавассути саҳюнистҳо, талоши мазбуҳонае барои аз байн бурдан ва решакании ҷараёни муқовимат аст.

Мудаллил ба вебгоҳи «Фаластин ал-явм» гуфт: «режими саҳюнистӣ, Ҷанин ва шаҳрвандон ва нирҳои муқовимати ҳозир дар онро ба ин хотир ҳадаф қарор медиҳад, ки сарнайза [ҷанг алайҳи саҳюнистҳо] аст ва тарҳҳои сарони душмани саҳюнистиро ноком мегузорад.»

Вай бо баёни инки талоши саҳюнистҳо барои аз байн бурдани муҷоҳидони Ҷанин ва нируҳои муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ, иродаи муқовиматро дар ҳам нахоҳад шикаст, тасреҳ кард, таҷовузҳои идомадор алайҳи ин нируҳо боиси афзоиши қудрати онон дар мубориза бо душман хоҳад шуд.

Ин раҳбари Ҷиҳоди исломӣ бо таъкид бар инки ин шӯълаи инқилобӣ фақат бо озодии Фаластин хомӯш хоҳад шуд, таъкид кард миллат ва муқовимати Фаластин дар муқобила бо душман вориди марҳалае шудаанд, ки дигар қобили бозгашт нест ва ба ҳамин далел шоҳиди посухи мустақим ва фаврӣ ба таҷовузҳои саҳюнистҳо ҳастем.

Мудаллил идома дод: «хулосаи ин марҳала ин аст, ки миллати мо аз ҳамаи гузинаҳое, ки дар ихтиёри душмани саҳюнистӣ қарор дод ва дар пайи он, қатл, шаҳраксозӣ ва яҳудисозӣ афзоиш ёфт, хаста шудааст ва фақат гузинаи муқовиматро танҳо роҳи дифоъ аз хок ва истирдоди ҳуқуқи худ медонад.»

Вай дар поён чунин ваъдаро дод: «озодии Фаластин, наздик аст ва афзоиши ҳамлаҳои шаруронаи саҳюнистҳои ифротӣ алайҳи миллати мо боиси афзоиши даргирӣ аст ва нобудии Исроилро наздик мекунад».

ИсроилФаластинҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment