Ҳушдори Ансоруллоҳи Яман ба ҳамлаҳои душман

 

Сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман дар суханонии худ таъкид кард ба ҳар ҳамлае аз душман бо чандин мушак ва паҳпод посух хоҳем дод.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман гуфт, ки душман пеш аз ин Санъо ва дигар устонҳоро бомбаборон мекард, вале имрӯз метавонем ба ҳар ҳамлаҳо бо чандин мушак ва паҳпод посух диҳем ва нируҳои мусаллаҳи ин кишвар тавонистанд муодилаи ҷадиде аз боздорандагӣ дар қиболи душман эҷод кунанд.

Вай афзуд: мо дар як ҷанги муқаддас ҳастем ва ҷонфишониҳои шаҳидони бузургавор, ки бо хуни пок худ, таърихи равшанеро рақам заданд, фаромӯш нахоҳем кард.

Сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман идома дод: “ин ҷонфишониҳо боис шуд, ки мардуми Яман, сари худро боло бигиранд ва ба шуҷоати онон ифтихор кунанд; ҳар чанд душман ҳам пеш аз ин Санъо ва дигар устонҳоро бомбаборон мекард, вале имрӯз метавонем ба ҳар ҳамлае бо чандин мушак ва паҳпод посух диҳем.

Вай бо баён инки нируҳои мусаллаҳи Яман муваффақ шуданд муодилае дар мувозинаи тарс ва ваҳшат бо душман эҷод кунад, тасреҳ кард: “муодилаи ахир дар ростои маъмурияти нируҳои мусаллаҳ барои ҳимоят аз манобеи ҳокимиятӣ монанди нафт ва газ аст”.

Ёдовар мешавад, Арабистони Саудӣ аз 26-уми марти 2015 дар қолаби иътилофе аз чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Иморот ва бо кумак ва чароғи сабзи Амрико, ҳамлаҳои густардаеро алайҳи мардуми мазлуми Яман оғоз кард, то ба баҳонаи бозгардондан Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури ба истеъфо рафта ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдоф ва зиёдахоҳиҳои сиёсии худ ҷомаи амал бпушонад, аммо дар сояи муқовимати диловаронаи мардум ва нируҳои мусаллаҳи Яман ва амалиёти мушакӣ ва паҳподии вижаи онҳо дар расидан ба ин аҳдоф шикаст хӯрд ва маҷбӯр ба қабули оташбас шуд, ки ин оташбас низ пас аз се марҳилаи ду моҳа дар натиҷаи коршиканиҳои иътилофи мутаҷовизи арабӣ поён ёфт.

АнсоруллоҳАрабистони СаудӣЯман
Comments (0)
Add Comment