Дидори Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин дар Маскав

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар нишасти Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Маскав сафар кардааст бо Раиси Думаи Давлатии Русия мулоқот кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Вячеслав Володин, Раиси Думаи Давлатии Русия дар ҳошияи нишасти Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Манбаъ хабар додааст, ки зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Зикр гардидааст, ки дар ин мулоқот тарафҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мулоқоту суҳбатҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Маскав Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок кард.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Маскави Русия ташриф овард.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раисони якчанд кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин мулоқот ҳамчунин ҳайати Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таҳти раёсати Воҳид Ҷалолзода, раиси Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон ба ҳайси меҳмон иштирок хоҳанд кард.

МаскавРусияРустами ЭмомалӣСААДТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment