Тоҷикистону САҲА ёддошти тафоҳум имзо карданд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Лодзи Лаҳистон бо Ҳелга Шмид, дабири кулли САҲА мулоқот кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Лодзи Лаҳистон бо Ҳелга Шмид, дабири кулли САҲА мулоқот кард.

Ба нақл департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин нишаст дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Шӯрои вазирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷа, дар ин гуфтугӯ ҷонибҳо масоили калидии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро баррасӣ карданд.

Вазъ дар минтақа ва Афғонистон, масоили мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масоили обу иқлим низ баррасӣ шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба имзо расид.

САҲАСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment