Шаҳодати як кӯдак ва захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ

Дар пайи ҳамлаи Исроил ба Каронаи Бохтарӣ як кӯдак шаҳид ва даҳҳо фаластинии дигар захмӣ шуданд.

Вазорати тандурустии Фаластин эълон кард, ки дар асари тирандозии неруҳои режими саҳюнистӣ дар Наблус як кӯдак шаҳид ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин ҳам эълон кард, ки неруҳои исроилӣ ба самти кормандони ин ниҳод пирпаронӣ кардааст, ки бар асари он ба яке аз мошинҳо осеби ҷиддӣ расидааст.

Шоҳидон мегӯянд, шумори зиёде аз неруҳои Исроил бо булдозер ба чандин маҳаллаи Наблус ҳамла карда ва даргириҳое миёни фаластиниҳо ва неруҳои режими саҳюнистӣ рух дод.

Ҳамлаҳои неруҳои исроилӣ аз чанд моҳ пеш ба Каронаи Бохтарӣ ба вижа Наблус ва Ҷанин идома дорад, ки дар асари он даҳҳо фаластинӣ шаҳид шуданд. Дар муқобил амалёти фаластиниҳо алайҳи артиши Исроил ва шаҳракнишинон афзоиш ёфта ва чандин куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Режими золими Исроил аз Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки таваҷҷӯҳи мардуми дунёро ба худ ҷалб кардааст суи истифода карда ба ҳамалоти худ алайҳи фаластиниҳои мазлум афзудааст.

ИсроилкӯдакРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment