Аз дархости Украина барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят кунед

Раиси ҷумҳури Украина имрӯз дар суханоне дар нишасти маҷмаи парлумони НАТО дар Мадрид гуфт: аз дархости Киев барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳимоят кунед.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина  дар суханоне дар нишасти маҷмаи парлумони НАТО дар Мадриди Испания аз тариқи видео конфронс гуфт: ман аз шумо мехоҳам то аз дархости мо барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва эътилофи (НАТО) ҳимоят кунед.

Раиси ҷумҳури Украина дар ин хусус иддао кард: Мо дар ҳоли дифоъ аз арзишҳои Аврупо дар майдони набард ҳастем ва бояд ба узвияти комил дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дароем.

Дар ҳамин иртибот, Антонио Коста, нахуст вазири Португалия соате пеш дар суханоне гуфт: Иттиҳодияи Аврупо таҳти шароити феълӣ, аз назари ниҳодӣ ва будҷаӣ қодир ба бароварда кардани интизороте, ки эҷод мекунад, нест. Ин шароит марбут ба узвияти аъзои ҷадид аз ҷумла Украина низ аст. Мавзӯи эътои узвият ба Украина ихтилофотеро байн сарони Аврупо эҷод кардааст. Иттиҳодияи Аврупо бо номзади Украина таваққӯоти нодурустеро эҷод мекунад ва ин иттиҳодия бояд бар ҳимояти амалӣ аз Киев мутамаркиз шавад.

“Элизабет Борн”, нахуст вазири Франса пештар дар мавзеъгирии ин кишвар дар бораи узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки вуруди сареи Украина ба Иттиҳодияи Аврупо ба нафъи Иттиҳодияи Аврупо ва Украина нахоҳад буд.

Ин мақоми франсавӣ гуфтааст: Масири илҳоқи [ба Иттиҳодияи Аврупо] тӯлонӣ ва пур заҳмат аст. Ҳеҷ равияи шитоб диҳи ё илзомот осонтаре вуҷуд нахоҳад дошт ва шитоб дар ин масир на ба нафи Иттиҳодияи Аврупо ва на ба нафъи Украина аст.

Пештар парлумони Аврупо бо 637 раъй мусбат, 13 раъйи мухолиф ва 26 раъйи мумтанеъ дархости Украина барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро пазируфта буд ва пас аз он Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо хоста буд то бо узвияти фаврии кишвараш дар Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кунанд. Зеленский таъкид кард: Мо аз Иттиҳодияи Аврупо хостори он ҳастем, ки дар мавриди илҳоқи фаврии Украина иқдом кунад.

Дар маҳҳои гузашта, Иттиҳодияи Аврупо ваъда дода буд, ки раванди узвияти Украинаро сареътар пайгирӣ кунад. Ин ваъдаи Иттиҳодияи Аврупо ба Украина ҳамзамон бо ҳамла ба истгоҳи қатор дар шарқи ин кишвар сурат гирифт ва “Урсула Фондерлейн”, раиси камиссияи Аврупо дар сафар ба Киев, пойтахти Украина, мадорикеро ба раиси ҷумҳури Украина дод то тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди узвияти Украинаро эълом карда бошад.

Владимир ЗеленскийИттиҳодияи АврупоМадридУкраина
Comments (0)
Add Comment