Фаронса: Ба думболи поёни ҷанг дар Украина ҳастем

Дар ҳоле, ки ахиран расонаҳо аз фишори муттаҳидони ғарбӣ ба Киев барои ворид шудан ба музокироти сулҳ бо Маскав навиштанд, Фаронса эълом кард, дар ҷустуҷӯи як роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҷанг дар Украина аст.

 

 

“Себастьян Лекорно”, вазири дифои Фаронса изҳор кард, ин кишвар ба ҳамроҳи муттаҳидонаш гузинаҳое барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҷанг дар Украинаро ҷустуҷӯ мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, Лекорно дар мусоҳиба бо як маҷаллаи фаронсавӣ баён дошт: «Мо ба ҳамроҳи муттаҳидонамон, роҳи ҳалҳои сиёсии эҳтимоли барои поён додан ба ҷанг дар Украинаро дар назар дорем.» Вазири дифои Фаронса  изофа кард, ҳеҷ ҷанге бидуни як роҳи ҳалли дипломатик ва сиёсӣ поён намеёбад.

Лекорно иддао кард, “Эммануэл Макрон”, раиси ҷамури Фаронса «чандин соат баҳс» бо ҳамаи тарафҳои ин ҷанг дошта ва ба ин кор идома хоҳад дод.

Ин вазири давлати Фаронса  изҳор кард, танҳо Украина бояд бигӯяд чӣ шароит ва замонбандие барои музокирот қобили қабул аст.

Рӯз чаҳоршанбе Марк Милли, раиси ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, эҳтимоли инки Украина муддаӣ арозии таҳти кантроли Русия аз ҷумла «Крим» шавад боло нест.

Расонаҳои амрикоӣ авоили моҳи ноябр ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш доданд, давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯҳои хусусӣ Киевро ташвиқ ба нишон додани омодагӣ барои музокирот бо Маскав кардааст.

Вазири дифои Фаронса ҳамчунин гуфт, кишвараш ду оташбори сомонаи мушакии кӯтоҳбурди зиддиҳавоӣ «Кротал» ва ду мушакандоз бо қобилияти партоби чандгонаро барои Украина мефиристад.

Лекорно дар мусоҳиба бо маҷаллаи фаронсавии “Journal de Dimanche” баён кард, кишвараш ҳамчунин то кунун 18 дастгоҳ туп гаубицаи «Кайзер»-ро ҳам ба Украина дода ва «феҳристи таслиҳоти дода шуда ба Украина хеле густурдатар аз инҳост.»

Ҳамчунин вазири дифои Фаронса баровард кард, маҷмӯъи кумакҳои низомии кишвараш ба Украина ҳудуди 550 миллион доллар баровард мешавад ва аз ҷумла дигар таслиҳоте, ки ба  Украина дода иборатанд аз: мушакҳои «Мистрал» ва «Милан», ҳудуди 60 дастгоҳ худрави зиреҳии VAB, минҳои зидди тонк аз мудели HDP-2A2, таҷҳизоти муҳофизат дар баробари ҳамалот, химиявӣ, биологикӣ ва ҳастаӣ ва дастгоҳҳои махсуси дид дар шаб.

Фаронса ҳамчунин дар ҳамроҳӣ бо як барнома пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупо, 2000 неруи украинӣ аз маҷмӯъ рақами 15000 нафар пешниҳод шуда тавассути ин иттиҳодияро таҳти омӯзиш қарор додааст. Вазири дифои Фаронса фош кард: «400 сарбози украинӣ токунун таҳти омӯзиш ба вижа барои кор бо таҷҳизоте, ки ба онҳо медиҳем қарор гирифтаанд.»

РусияУкраинаФаронса
Comments (0)
Add Comment