Тоҷикистон дар остонаи интиқоли қудрат

Нашрияи русии “Взгляд” менависад, ки иҷрои нақшаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии худ наздик мешавад.

Нашрияи русии “Взгляд” дар як матлаби таҳлилии муфассал бо такя ба коршиносони рус менависад, ки иҷрои нақшаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии худ наздик мешавад, вале иҷрои ин нақша метавонад то ду соли дигарро дар бар бигирад.

Нашрия менависад, ки моҳи ноябри соли 2022 аз замони ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон 30 сол гузашт ва ӯ дар мақоми дарозумртарин раҳбари давлат дар Шӯравии собиқ ҳатто аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар остонаи соли сиюми ҳукмрониаш тарки мақом кард, пеш гузашт. Ҳамин тавр, собиқаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз Александр Лукашенко ҳам, ки соли 1994 ба раҳбарии Беларус расид, ду сол бештар аст.

Ҳамсуҳбатони “Взгляд”, аз ҷумла раҳбари Маркази иттилоотию таҳлили таҳқиқи равандаши ҷамъиятию сиёсӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ Даря Чижова, бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмон алакай ворисашро интихоб кардааст ва ӯ писари калонии 34-солааш Рустами Эмомалист.

“Взгляд” дар матлабаш ёдовар шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар канори Хуҷанд замоне ба қудрат расид, ки Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҳанӯз зери назорати мухолифин қарор дошт. Баъди чанде Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Душанберо ишғол кард, вале хеле зуд пайи худи ин Фронти халқӣ ҳам рӯфта шуд.  Муаллифон менависанд, президенти Тоҷикистон баъдҳо насаби худро аз Раҳмонов ба Раҳмон иваз кард ва соли 2015 унвони умрбоди “Пешвои миллат”-ро ба даст овард.  Нашрия меафзояд, дар 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон ҳамаи ҳайкалҳои Ленинро дар ин кишвар, ба ҷуз аз як ҳайкал, ки дар майдони назди нирӯгоҳи Норак боқӣ мондааст, барчиданд.

Эмомалӣ Раҳмон ягона президент дар Осиёи Марказист, ки аз аввали солҳои 90 дар сари қудрат боқӣ мондааст. Дигар кишварҳои минтақа алакай табдили қудратро таҷриба карданд. Дар Қазоқистон Назарбоев соли 2019 худаш аз мақом рафт, дар Ӯзбекистон соли 2016 баъди даргузашти Ислом Каримов, Шавкат Мирзиёев ба қудрат расид ва дар Туркманистон соли 2007 дар пайи даргузашти Туркманбошӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба сари қудрат омада, 15 сол ҳукм ронд ва дар аввали соли ҷорӣ курсиро ба писари чилсолааш Сардор супурд. Аммо агар ин раванд дар Туркманистону Ӯзбекистон ором тай шуда бошад, дар Қазоқистон, ба навиштаи “Взгляд”, интиқоли қудрат ҳама заъфҳои низоми сиёсии ин кишвари дар зоҳир босуботро ба намоиш гузошт. Манзури муаллифон зоҳиран эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон аст, ки 238 кушта ба ҷо гузошт.

Раҳбари Маркази иттилоотию таҳлили таҳқиқи равандаши ҷамъиятию сиёсӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ Даря Чижова мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба Бердимуҳаммадов, ки қудратро ба писараш сардор дод, пайравӣ кунад. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон шахси раҳбари оянда муайян шудааст ва ӯ писари худи Эмомалӣ Раҳмон Рустами Эмомалист. Ба ақидаи ин таҳлилгар,  интиқоли қудрат ба Рустами Эмомалӣ метавонад то ду соли наздикро дар бар бигирад.

Чижова гуфтааст: “Рустами Эмомалиро инак чанд сол боз барои мақоми президент омода карда истодаанд. Ӯ шаҳрдори Душанбе буд, акнун ба парлумон ҳам роҳбарӣ мекунад, ки инҳо ҳама мактаби классикии тарбияи кадрҳо ба шумор мераванд”.

Вадим Козюлин, мудири Маркази таҳқиқоти ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Пажуҳишгоҳи масоили байналмилалии Академияи дипломатии Русия, мегӯяд, таҷрибаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ барои ба ҳисоб гирифтани ҳамаи сангҳои зери об ва амалӣ сохтани нақшаи интиқоли қудрат бо сенарияи Туркманистон метавонад кумак расонад. Ба ақидаи ӯ, сабаби то ҳол амалӣ нашудани ин нақша, ба он марбут буд, Рустами Эмомалӣ “дар як муҳити сунъӣ ба воя расидааст ва таҷрибаи раҳбарияш кифоят намекунад”.

Козюлин меафзояд: “Эмомалӣ Раҳмон тамоми оппозитсияро аз саҳна тоза кард. Дар арсаи сиёсӣ ягон мушкил ба назар намерасад. Вале ӯ ба писараш қадам ба қадам як миқдор салоҳиятҳоро дода истодааст, ки ӯ батадриҷ таҷрибаи роҳбарии давлатро биомӯзад”.

Омили муҳими дигар барои интиқоли қудрат, ба ақидаи ҳамсуҳбатони “Взгляд”, иттифоқи назар  дар дохили элитаҳои сиёсист.

Нашрия менависад, ки “Бино ба арзёбиҳои бархе нозирон, байни Рустами Эмомалӣ ва раҳбари КДАМ Саймумин Ятимов тавозун вуҷуд надорад”.

Аз ҷумл Даря Чижова дар ин бора мегӯяд: “Онҳо бо ҳам равобити танготанг надоранд, ки ин дар шароити Осиёи Марказӣ барои интиқоли қудрат метавонад як таҳдиди классикӣ боҳад. Ҳаводиси моҳи январ дар Қазоқ истон нақши ниҳодҳои қудратӣ ва хатареро, ки онҳо метавонанд ба бор биоранд, ба таври равшан ба намоиш гузоштанд”.

Омили дигари таъсиргузор ба раванди интиқоли қудрат дар Тоҷикистон боз ҳам метавонад ҳаводиси Афғонистон, бахусус ба қудрат омадани ҳаракати тундрави Толибон дар ин кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон бошад. Боз як омили чолишзо танишҳо дар марз бо Қирғизистон аст, ки ҳар сари чанд вақт ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи хунин мепечад. Ҳамсуҳбатони “Взгляд” омили муҳоҷирон, оппозитсияи берун аз саҳнаи фаъолияти қонунӣ ва боз чанд омили дигарро ном бурдаанд, ки метавонад ба раванди интиқоли қудрат дар Тоҷикистон то ҳадде таъсир расонанд. Вале тавре ба назар мерасад, ин омилҳо метавонанд суръати ин равандро тунд ё кунд кунанд, вале пеши онро дигар гирифта наметавонанд.

интиқоли қудрат дар ТоҷикистонИслом КаримовҚирғизистонНурсултон НазарбоевОсиёи марказӣРустами ЭмомалӣСаймумин ЯтимовТолибонТоҷикистонФронти халқӣШавкат МирзиёевЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment