Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон баргузор шуд

Дар Қазоқистон, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафари норозӣ буд, рӯзи 20-уми ноябр интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд.

Дар Қазоқистон, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафари норозӣ буд, рӯзи 20-уми ноябр интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Довталаби асосӣ раиси ҷумҳури 69-сола Қосимҷомарт Тоқаев аст. Эҳтимол ӯ ба даври дувуми раёсат роҳ биёбад, чун ба иддаои намояндагони мухолифон, интихобот бе рақобати воқеӣ гузашт.

Бо вуҷуди онки Тоқаев худро реформатор ё ислоҳотгар нишон медиҳад, ба азҳоби асосии мухолиф иҷоза надод, ки номзадҳои худро сабтином кунанд ва вориди сабқат бишаванд.

Панҷ рақиби ӯ, ки дар миёнашон ду зан низ ҳаст, шахсони камшинохта дар ҷомеа ҳастанд ва рақибони воқеӣ дониста намешаванд.

Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон шоми 20-уми ноябр хабар дод, ки тақрибан ҳафтод дарсади шахсони қобили рой дар интихобот иштирок карданд.

Ба гуфтаи гурӯҳҳои мухолиф ва расонаҳои маҳаллӣ, маъмурони пулис рӯзи якшанбе даҳҳо нафарро барои ташкили тазоҳурот алайҳи интихоботи зудҳангом дар шаҳри Алмато дастгир кардаанд. Мақомоти пулис гуфтанд, баъзеҳо аз онҳо зуд раҳо шуданд, дигарон дар боздошт монданд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), ки як гурӯҳро барои назорати интихобот дар Қазоқистон фиристодааст, бояд 21-уми ноябр арзёбии пешакӣ ё муқаддамотии худро бигӯяд. Созмон қабл аз оғози маърака мансабдорони Қазоқистонро барои иҷро накардани тавсияҳояш, аз ҷумла дар масъалаи “сабтиноми номзадҳо” танқид карда буд.

Нозирони мустақил аз созмонҳои ғайридавлатии Қазоқистон гуфтанд, дар бисёре аз мавридҳо ба маҳдудият дучор шуданд.

Интихоботи рӯзи 20-уми ноябр дар Қазоқистон баъд аз тақрибан се моҳи қонуни конститутсионӣ баргузор шуд. Бинобар он, муҳлати президентиро дар он кишвар аз ду давраи панҷсолӣ ба ҳафт сол дароз карданд, аммо як нафар як дафъа ҳаққи иштирок хоҳад дошт.

Дар асл интихоботи президентӣ дар Қазоқистон соли 2024 ва интихоботи порлумонӣ соли 2025 бояд баргузор мешуд. Дар моҳи сентябри имсол Тоқаев пешниҳод кард, ки интихоботи пеш аз муҳлат гузаронанд.

Аз он пеш, дар моҳи июни имсол, ислоҳи Қонуни асосии Қазоқистон аз сӯи Тоқаев як қадами муҳим барои гузаштани кишвараш аз “тарзи давлатдории абарпрезидентӣ” ба як “ҷумҳурии президентӣ бо порлумони қавӣ” тавсиф шуд. Мунтақидон мегӯянд, ислоҳот табиат ё хусусияти режими авторитариро тағйир надод.

Қосимҷомарт Тоқаев соли 2019 баъд аз истеъфои раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба қудрат расид. Назарбоев пас аз овоздиҳӣ дар шаҳри Остона рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт, ба касе рой дод, ки қудратро ба ӯ бовар кардааст.

Назарбоев гуфт: “Ман он вақт интихоби худро карда будам ва ин интихоб қатъист.” Вай илова кард, ки кишвараш ҳоло ба “ваҳдат” ё “ягонагӣ” ниёз дорад.

Бо вуҷуди истеъфояш, Назарбоев ба ҳайси раиси доимии Шӯрои Амният аз қудрат ва нуфузи зиёде бархӯрдор буд. Пайвандонаш низ ба кор дар мансабҳои муҳими давлатӣ ва тиҷоратҳои бузург идома медоданд.

Вазъ дар пайи нооромиҳои моҳи январи имсол комилан дигар шуд. Тоқаев ба таври ногаҳонӣ Назарбоевро аз мақоми раиси Шӯрои Амният ронд ва онро худаш ба уҳда гирифт.

Чанде аз хешовандон ва ҳампаймонҳои Назарбоев аз мақом барканор ва бархе ба иттиҳоми фасод дастгиру ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Моҳи июл ҳукумати Тоқаев эълон кард, ки тақрибан 500 миллион доллареро, ки гуё наздикони Назарбоев дуздида буданд, бозпас гирифт.

Дар остонаи интихобот дар Қазоқистон чанд фаъоли сиёсӣ боздошт шудаанд.

Пулиси Алмато рӯзи 15-уми ноябр Асет Абишев, узви кумитаи муассисони ҳизби “Алға, Қазоқистон” (Ба пеш, Қазоқистон)-ро боздошт кард. Мақомот сабабашро нагуфтанд.

Ҳафтаи гузашта панҷ узви дигари ин ҳизби сабтиномнашуда барои иштирок дар гирдиҳамоии беиҷозаи моҳи август дастгир шуданд.

Пулиси шаҳри Жанаозен, воқеъ дар ҷанубу ғарби Қазоқистон, рӯзи 15-уми ноябр як фаъоли саршиноси мухолифин Эстай Қарашаевро ба иттиҳоми поймол кардани қоидаи баргузории гирдиҳамоӣ боздошт ва ба шаш рӯз ҳабс маҳкум кард.

Ҳомии ҳуқуқ Серик Идиришев чанд рӯз пеш аз интихобот дар зодгоҳаш деҳаи Бобровкаи вилояти Қазоқистони Шарқӣ боздошт шуд. Ҳамсараш ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияи ӯ ба интихобот пайванд дорад.

Рӯзи 14-уми ноябр Рашид Камалданов, фаъоли мухолифин, барои иштирок дар гирдиҳамоии беиҷозат дар аввали имсол дар Алмато ба 15 рӯз ҳабс маҳкум шуд.

Аксар фаъолон дар Қазоқистон шикоят аз он доранд, ки пулис дар остонаи интихобот хонаву ҳаракати онҳоро зери назорат гирифт. Як масъули Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гумонҳоро дар бораи онки гуё пулис барои пешгирӣ аз баргузории гирдиҳамоиҳои фаъолон чора меандешад, рад кард.

интихоботи президентӣҚазоқистонҚосим Тоқаев
Comments (0)
Add Comment