Русия: Зеленский аз вуруд ба музокирот метарсад

Раиси ҷумҳури собиқи Русия гуфт, раиси ҷумҳури Украина ба далели «тарс аз кушта шудан» вориди музокироти сулҳ намешавад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Медведев”, раиси ҷумҳури собиқи Русия ва муовини раиси шӯрои амнияти ин кишвар баён дошт, “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина вориди музокироти сулҳ бо Русия намешавад чун метарсад кушта шавад.

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, Дмитрий Медведев дар пусте, ки дар паёмрасони Телеграм мунташир кард навишт, икроҳи Ғарб барои муттаҳам кардани Русия ба даст доштан дар ҳодисаи ахири фуруди мушак дар Полша «аломат» хастагиаш аз давлати Украина, ба вижа аз Зеленский ва «нола карданҳо, пул ва силоҳ хостанҳо ва ташдиди доими таниш тавассути ӯ» аст.

Ба навиштаи Анатолия, мушаке, ки чанд рӯз пеш бар асоси гузоришҳо дар Полша дар наздикии марзи Украина фуруд омад ва ду нафарро кушт, эҳтимолан аз самти Украина ва бо ҳадафи дафъи ҳамлаи Русия шиллик шуда, аммо раҳбарони Ғарб мегӯяанд ҳамалоти Русия омили аслии ин ҳодиса аст.

Дмитрий Медведев таъкид кард, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва эътилофи НАТО хостори «қатъи робитаи ниҳоӣ» бо Русия ба далели инки чашмандози шурӯъи ҷанги ҷаҳонии севумро дар пай дорад, набуда ва бинобар ин шурӯъ ба хоҳиш аз Зеленский барои вуруд ба музокироти сулҳи бо Русия карданд.

Ба гуфтаи муовини раиси шӯрои амнияти Русия, Зеленский, хостори музокирот нест зеро ин кор барои ӯ хатарнок шуда ва чунончи арозии таҳти кантроли Русияро ба унвони арозии мутааллиқ ба Маскав ба расмият бишносад, артиш ва «милли гароҳои» Украина ӯро хоҳанд кушт.

Медведев, пеш аз ин низ дар паёми Тветарӣ навишта буд: ҳодисаи «ҳамлаи мушакии» мавриди иддаои Украина дар Полша танҳо як чизро собит мекунад: ҷанги таркибӣ алайҳи Русия, Ғарб ба ҷанги ҷаҳонӣ наздиктар мешавад.

Пештар, намояндагии доими Русия дар Созмони Милал, дахолати Маскав дар ҳодисаи бархурди мушак ба хоки Полшаро такзиб кард.

Асри чаҳоршанбе расонаҳои Полша иддао карданд мушаки шиллик шуда тавассути Русия ба рустое дар ҷануби ин кишвар бархурд карда ва бар асари он ду нафар ҷони худро аз даст доданд.

Владимир ЗеленскийПолшаРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment