Ҳудуди 50 дарсади муҳоҷирони корӣ дар Маскав тоҷиконанд

Дар Душанбе як маркази бисёрҷонибаи муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуд, ки мутахассисони он ба сокинони Тоҷикистон дар пайдо кардани кор дар пойтахти Русия ва вилояти Маскав кумак мекунанд.

Дар Душанбе як маркази бисёрҷонибаи муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуд, ки мутахассисони он ба сокинони Тоҷикистон дар пайдо кардани кор дар пойтахти Русия ва вилояти Маскав кумак мекунанд.

Корфармоёни рус инчунин метавонанд дар интихоби коргарони эҳтимолӣ аз ин марказ кӯмак дархост кунанд.

Ин намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маҷмӯи фаъолиятҳоро оид ба ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони дорои малака ва тахассуси зарурӣ барои кор дар лоиҳаҳои муҳимтарини Маскав ва вилояти Маскав дар соҳаи нақлиёт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ба роҳ мемонад.

Тавре намояндаи ҳукумати Маскав Мария Багреева зимни ифтитоҳи намояндагӣ изҳор дошт, кори марказ ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маскаву Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Функсияҳои намояндагӣ аз пешбурди пойгоҳи додаҳои ҷойҳои холӣ ва довталабон, ташкили мусоҳибаҳои онлайнӣ ва арзёбии салоҳияти касбии номзадҳо иборат хоҳад буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар бораи қоидаҳои буду бош ва кор дар Федератсияи Русия, вижагиҳои дарёфти корти муҳоҷират ва дигар масъалаҳо машварат бигиранд.

Гуфтанист, Тоҷикистон дуввумин кишваре аст, ки Маскав бо он дар чаҳорчӯби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ ҳамкорӣ кардааст. Соли 2021 намояндагии муҳоҷират дар Ӯзбекистон кушода шуд.

Ба гуфтаи Мария Багреева, намояндаи ҳукумати Маскав, аз 800 000 патенти меҳнатӣ, ки ҳамасола дар Маскав ва вилояти Маскав дода мешавад, нисфи он барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи муҳоҷирони кории тоҷик 48 фоизи шумораи умумии патентҳои дар вилояти Маскав додашударо ташкил медихад. То аввали моҳи ноябри соли 2022 дар Маскав ва вилояти он беш аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурданд, ки 80 дарсади онҳоро муҳоҷирони корӣ ташкил медоданд. Аксарияти онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд.

Ифтитоҳи намояндагӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Мутахассиси соҳа бар ин назар аст, ки имрӯз бояд ба бахши амалии татбиқи қонунҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар бораи ташдиди сиёсати муҳоҷират дар кишвар бо хоҳиши маҳдуд кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Федератсияи Русия меоянд, ба вуҷуд наомадааст.

Дар ин бора ҳуқуқшиноси муҳоҷират Насим Абдуллоев изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ шарики стратегӣ ва дӯстони Русия ҳастанд.

Абдуллоев гуфт :

“Ман фикр мекунам, ки ин изҳорот маҳз бо зарурати маҳдуд кардани ин муҳоҷирони корӣ асоснок нашудааст”.

Коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қонунҳои ҷорӣ дар ин заминаро аз дидгоҳи назария идеалӣ медонад, аммо дар амал кор намекунад.

Ҳуқуқшинос таъкид кард :

“Ҳамон қонунҳое, ки будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва гирифтани патентро танзим мекунанд, хеле хуб таҳия шудаанд, аммо дар амал онҳо суст кор мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки Патрушев зимни ҷаласаи Шӯрои амният дар бораи пурзӯр кардани назорати муҳоҷират дар Федератсияи Русия то охири соли 2022 хабар дода буд.

Вай таъкид кард, ки ба қонунгузорӣ ислоҳот ворид карда, масъулияти хориҷиёнро барои қонуншиканӣ сахттар бояд кард. Ғайр аз ин, барои таъмини тартиботи қонунӣ дар ҷойҳои истиқомати муҳоҷирон тадбирҳо пешбинӣ шудаанд.

 

Маскавмуҳоҷирони корӣТоҷикистонтоҷикон
Comments (0)
Add Comment