Ҳамлаи саҳюнистҳо ба Каронаи Бохтарӣ

Низомёни саҳюнистӣ бомдоди имрӯз душанбе ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурда ва дасти кам 20 Фаластиниро боздошт карданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузориҳои расонаҳои “Фаластинӣ”, низомёни саҳюнистӣ бомдоди имрӯз душанбе ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурда ва дасти кам 20 Фаластиниро боздошт карданд, бештари ин боздошт шудагон аз ҷавонони Фаластин ҳастанд.

Тирандози ба сӯи низомиёни саҳюнист дар Наблус

Манобеи ибрӣ субҳи имрӯз душанбе эълом карданд, ки гурӯҳе аз низомиёни артиши режими саффок ва хунрези саҳюнистӣ дар наздикии Наблус ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтанд.

Манобеи Фаластин низ тасовире аз ин даргирии мусаллаҳона, ки бомдоди имрӯз миёни муборизони муқовамат ва низомиёни ишғолгари саҳюнист дар урдугоҳи Балата рух додро мунташир карданд:

Манобеи фаластинӣ ҳамчунин субҳи имрӯз бо интишори тасовире аз ҳамлаи муҷаддади шаҳрак нишинони саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо бо ҳимояти низомиён хабар доданд:

19 амалиёти муқоваматӣ дар 24 соати гузашта

Манобеи ибрӣ изъон карданд, ки дар 24 соати гузашта 19 амалиёти мухталифи муқовамат дар Каронаи Бохтарӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин амалиётҳо шомили 5 маврид тирандози низ будааст.

Дар 24 соати гузашта 10 маврид даргирӣ ҳам байни Фаластинён ва ишғолгарони Исроил дар манотиқи мухталиф гузориш шуда, ки тайи он шуморе аз Фаластиниён захмӣ шуданд.

Ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба зиндони Хадарим

Неруҳои саркӯбгари вобаста ба созмони зиндонҳои саҳюнистӣ шомгоҳи якшанбе ба усарои фаластинӣ дар зиндони Хадарим ҳамла бурда ва иқдом ба саркӯби онон карданд.

Бошгоҳи усарои Фаластин дар баёнияе эълом кард, ки неруҳои саркӯбгари Исроил ба бахшҳои 30 ва 35 зиндони Хадарим ҳамла бурда ва зимни саркӯби усаро, иқдом ба бозрасии утоқҳои онон карда ва васоили шахси  усароро баҳам рехтанд.

Иддаои хунсосозии амалиётии тирандозӣ дар рӯзи интихобот

Манобеи ибрӣ эълом карданд, ки режими саҳюнистӣ ахиран як ҷавони Фаластинии сокини шаҳраки Кафр ал-Дик дар шимоли Каронаи Бохтариро ба иттиҳоми талош барои иҷрои амалиёти тирандозӣ боздошт кардааст.

Шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки низомиёни саҳюнист гуфтаанд, ки ин ҷавони Фаластинӣ қасди иҷрои амалиёти тирандозӣ дар яке аз шаҳракҳои саҳюнистнишин Каронаи Бохтарӣ дар рӯзи интихобот Кнессетро доштааст. Манбаи мазкур ишора кард, ки ин ҷавон мусаллаҳ будааст.

Каронаи БохтарӣМасҷидулақсосаҳюнистсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment