Ҳамоиши “30 соли равобити Точикистону Эрон ва дурнамои он”

Бо ибтикори сафорати ҶТ дар ҶИЭ ва Муассисаи мутолиоти ҷаҳонии Теҳрон ҳамоиши "30 соли равобити Точикистону Эрон ва дурнамои он" баргузор шуд.

Бо ибтикори сафорати ҶТ дар ҶИЭ ва Муассисаи мутолиоти ҷаҳонии Теҳрон ҳамоиши “30 соли равобити Точикистону Эрон ва дурнамои он” баргузор шуд.

Бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи мутолиоти байналмилалии Теҳрон ҳамоиш таҳти унвони “30 соли равобити Точикистону Эрон ва дурнамои он” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур ходимони илму фарҳанг, намояндагони Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва васоити ахбори оммаи эронӣ, инчунин ҳамватанони тоҷики муқими Эрон ширкат варзиданд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Обид Акбарӣ, раиси Муассисаи мутолиоти байналмилалии Теҳрон, Алиризо Дилхуш, мудири кулли Маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Нодир Каримиёни Сардаштӣ, пажӯҳишгар ва тоҷикшиноси маъруфи эронӣ ва дигарон дар суханрониҳои худ вазъи равобити Тоҷикистону Эрон дар сӣ соли гузашта ва шебу фарозҳои онро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаву пешниҳодҳояшонро доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст баён карданд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ аксҳо аз маконҳои сайёҳӣ ва таърихии Тоҷикистон, ки бозгӯкунандаи зарфиятҳои сайёҳии кишвар ҳастанд, ҳамчунин китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ва осори адибону шоирон ва олимони тоҷик ба забонҳои форсиву англисӣ ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Низомиддин ЗоҳидӣТочикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment