Тирандозии саҳюнистҳо ба самти манзилҳои маскунии фаластиниён

Шаҳракнишинони саҳюнист дар шаҳри Ал-Халил воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ ба самти манзилҳои маскунии шаҳрвандони фаластинӣ тирандозӣ карданд.

Шаҳракнишинони саҳюнист дар шаҳри Ал-Халил воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ ба самти манзилҳои маскунии шаҳрвандони фаластинӣ тирандозӣ карданд.

Ба гузориши манбаъ ба нақл аз пойгоҳи хабарии Маъои Фаластин, ба дунболи амалиёти муқовимати муборизи фаластинӣ дар шаҳраки  Кариёт Арбаъ шаҳракнишинон шанбе шаб ба манзилҳои маскунии фаластиниён дар атрофи ин шаҳрак тирандозӣ карданд.

Бо вуҷӯди тадобири амниятии режими саҳюнистӣ, мардуми ва муборизони фаластинӣ дар чанд рӯзи гузашта бар шиддати амалиёти худ алайҳи низомиён ва шаҳракнишинони ин режим афзӯдааст.

Дар амалиёти зиддӣ саҳюнистии,   Муҳаммадкамол Ал-Ҷаъбарӣ муборизи фаластинӣ дар шаҳраки саҳюнистнишин  дар шаҳри Ал-Халил воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ як саҳюнист кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар ҷануби Ноблес низ шуморе аз шаҳракнишинон бо санг ба худравҳои шаҳрвандони фаластинӣ дар ҳаволии майдони Салмони Форсӣ ва ҷоддаи байни Ҳавора ва Қалқалила ҳамла ва ба худравҳои онҳо осеб ворид карданд.

Ин амалиёти муқовимати дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи ҷумъа низомиёни саҳюнист дар наздикии  пости ист ва бозрасии низомиёни Ҳавора воқеъ дар ҷануби Ноблес  Аммоди Абуррашид (47сола)-ро ба зарби гулула ба шаҳодат расондаанд ва 2 нафари дигарро низ  захмӣ карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Низомиёни саҳюнист ба шаҳракҳое дар Қудси ишғолӣ юриш бурданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф мардуми Фаластинро шаҳид, маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд. Фаластиниён низ дар посух ба ин ҷиноёт амалиёти зиддисаҳюнистӣ анҷом медиҳанд.

Низомиёни саҳюнист ба шаҳраки Алтур юриш бурданд ва дар манотиқи мухталифи ин шаҳрак ҳузур ёфтанду иқдом ба боздошти фаластиниёну партоби гази ашковар ба сӯйи мардум карданд.

Дар шаҳраки Силвон низ саҳюнистҳо бо фаластиниён даргир шуданд.

Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ дар остонаи ҷашнҳои соли ҷадиди яҳудӣ аз тарси шиддат гирифтани амалиётҳои фаластиниён ҳазорон нафар аз неруҳои худро дар Қудси ишғолӣ ва шаҳрҳову шаҳракҳои мухталифи он мустақар кардааст.

Таии як моҳи ахир амалиётҳои худҷӯши фаластиниҳо алайҳи саҳюнистҳо ба шакли қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ҳамин масъала режими ишғолгарро ба ваҳшат андохтааст.

 

саҳюнистҳоТирандозӣФаластиниён
Comments (0)
Add Comment