Афзоиши нигарониҳо аз сарнавишти зиндониёни озодии баён дар Арабистон

Ба думболи судури аҳкоми тӯлонии ҳабс алайҳи фаъолон ва мунтақидон, 13 созмони ҳуқуқи башарӣ нигаронии амиқи худро аз сарнавишти зиндониёни озодии баён дар Арабистони Саудӣ иброз карданд.

Бархе аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ бо таъкид ба корномаи сиёҳи ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон аз сарнавишти зиндониёни озодии баён дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд ва хостори озодии онҳо бидуни қайду шарт шуданд.

Ин созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар баёнияи муштарак эълом карданд, ки бахши додгустарии Арабистон ахиран судури маҳкумиятҳои тӯлонимуддатро алайҳи фаъолон, мунтақидон ба далели ибрози ақидаҳояшон ташдид кардааст.

Дар ин баёния омадааст: “нигаронии ҷиддӣ дар хусуси сарнавишти боздоштшудагон ба вижа касоне, ки ҳанӯз муҳокима нашудаанд, вуҷуд дорад”.

13 созмони ҳуқуқи башарӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ хостанд то талошҳоро барои таҳти фишор қарор додани мақомоти Саудӣ барои озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти боздоштшудагони озодии баён дар зиндонҳои Оли Сауд ташдид кунад.

Дар миёни боздоштшудаҳо бидуни иттиҳом, Абдуллоҳ Ҷилон, донишомӯхтаи донишгоҳ Вест Честер дар Амрико аст, ки дар 12 май 2021 пас аз бозгашт аз Иёлоти Муттаҳида ба Арабистон бидуни ироаи ҳукм ё тавҷеҳе ба зӯр тавассути неруҳои амниятии давлатӣ боздошт шуд.

Абдуллоҳ Ҷилон аз хилоли як ҳисоби корбарӣ дар Твиттер аз нақзи ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон интиқод карда буд. Вай дар бозҷӯӣ таҳти шиканҷаҳои мухталиф аз ҷумла шокки электироникӣ ва маҳрумият аз иртибот бо хонавода қарор гирифт.

Боздошти Абдуллоҳ Ҷилон дар замони мавҷи дастгириҳо дар моҳи май ва июни 2021 сурат гирифт, ки тай он мақомоти Саудӣ теъдоде аз фаъолон ва мунтақидони ҷавонро мавриди ҳадаф қарор доданд касоне, ки ба сурати мусоламатомез назарҳои худро дар фазои маҷозӣ баён карда буданд.

Ин афрод аз ҷумла Абдурраҳмон Шайхӣ, Асмо Сабиъи, Рино Абдулазиз, Ёсамин Ғафили, Наҷво Ҳамид ва Лино Шариф бо гузашти як сол ҳанӯз дар боздошт ба сар мебаранд.

Лино Шариф бидуни инки битавонад далели боздошти худро бидонад, ба сурати ногаҳонӣ нопадид шудааст, агарчи ба назар мерасад, ки боздошти вай марбут ба фаъолиятҳои мусоламатомезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Мақомоти Саудӣ Лино Шарифро дар моҳи майи 2021 боздошт ва хонаводаи ӯро аз барқарории иртибот бо вай маҳрум карданд.

Иттилооте дар хусуси вазъият ва маҳалли нигаҳдории Лино Шариф вуҷуд надорад ва нигароние дар хусуси сарнавишти вай афзоиш ёфтааст.

Иқдомоти режими Оли Сауд алайҳи мунтақидон нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст. Бар асоси қонуни ойини додрасии кайфарӣ, додситонӣ ҳаққи тамдиди муддати боздошти як зиндониро ҳаддиаксар беш аз шаш моҳ надорад. Пас аз он бояд озод ё ба бахшҳои қазоӣ муаррифӣ шавад, аммо моддаи 19 қонуни “мубориза бо терроризм” ин мавзӯъро нодида гирифтааст.

Арабистон рекорди худро дар эъдоми зиндониён шикаст

Илова бар ин, бархе аз зиндониёни озодии баён, ки ба бахши адлияи Арабистон ирҷоъ шудаанд, бо муҳокимаҳои тӯлонӣ ва бидуни поёни мушаххасе рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумлаи ин афрод Салмон Авда, мубалиғи Саудӣ аст, ки аз соли 2017 дар боздошт ба сар мебарад ва додситонии кулл хостори эъдоми вай шудааст.

Ҳамчунин ахиран пас аз лағви ҳукми эъдоми Асро Ғамғом, фаъоли зани шиамазҳаби Саудӣ, додситони Арабистон ҳукми 8 сол ҳабс алайҳи вайро эълом кард.

Тайи ҳафтаҳои гузашта, Вазорати адлияи Арабистон барои теъдоде аз таблиғкунандагони Саудӣ ҳукми тӯлонии ҳабсро содир кард ва ҳукми шайх Носир Умарро аз 10 сол ба 30 сол зиндон афзоиш дод. Ҳамчунин шайх Абдурраҳмон Маҳмуд ба 25 сол, шайх Асом Авид ба 27 ва шайх Иброҳим Давиш ба 15 сол ҳабс маҳкум шуданд.

АрабистонАрабистони СаудӣМуҳаммад ибни Салмонозодии баёнОли Сауд
Comments (0)
Add Comment