Афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд қимати маводи ғизоӣ рӯ ба афзоиш аст.  Беш аз ҳама қимати шир боло рафтааст. Ҳамчунин арзиши орд, шакар ва сабзавот низ ба самти боло ҳаракат мекунанд.

Дар вилояти Суғд қимати маводи ғизоӣ рӯ ба афзоиш аст.  Беш аз ҳама қимати шир боло рафтааст. Ҳамчунин арзиши орд, шакар ва сабзавот низ ба самти боло ҳаракат мекунанд.

Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд  хабар додаанд.

Дар вилояти Суғд нархи маҳсулоти ширӣ 18,3 фоиз афзудааст. Дар бозорҳои Суғд 1 литр ширро байни 5 то8 сомонӣ харидан мумкин аст. Ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят то 1 октябри соли ҷорӣ ҳудуди 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад бештар аст.

Манбаъ иттилоъ медиҳад :

«Дар муҳлати муайяншуда аз ҳар сар модагов қариб 1300 литрӣ шир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 87 литрӣ зиёд мебошад».

Ба маълумоти ин ниҳод, дар вилояти Суғд ба ҷуз нархи шир, нархи  гӯшт (4,5 фоиз), нон (4,6 фоиз), шакар (6,2 фоиз) ва орди навъи якум (11,7 фоиз) боло рафтааст.

Арзиши аслии баъзе сабзавот ба мисли  пиёз 1,8 баробар, сабзӣ ва лаблабу — 1,7 баробар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд нархи баъзе маҳсулот, баръакс, арзон шудааст. Инҳо асосан сабзавоту меваҷот – лубиё (2,3%), картошка (32,5%), помидор (60,2%), бодиринг (63,9%), карам (5,6%), себ (22,3%) ва ғайра мебошанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи наздик ба яку ним миллиард доллар савдо доштааст, ки ҳиссаи воридот чун ҳамешагӣ бештар аз содирот аст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 38,2% ва ё 391,3 миллион доллар бештар аст.

Ҳаҷми воридот 897 млн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147 млн доллар ё 19,7 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё зиёд мебошад.

Ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз ҳисоби зиёд шудани содироти нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, либосворӣ ва маъдану консентрат афзоиш ёфтааст.

Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,1% боло рафтааст.

Аҳмадзода гуфт, ки гардиши савдои хориҷии вилоят бештар ба кишварҳои ИДМ рост меояд, ки 63% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3 ҳазору 212 тонна ё 3,5 фоиз таъмин гардида, 92 ҳазору 875 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори беруна бароварда шуд.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи хушкмева ва пиёз хеле назаррас боқӣ монда, дар ин давра 19 ҳазору 480 тонна хушкмева ба маблағи 11,96 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 7 ҳазору 13 тонна ва ба маблағи 7,0 млн доллар зиёд мебошад.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 61 ҳазору 730 тонна пиёз ба маблағи 6,2 млн. доллар содирот карда шудааст.

 

маводи ғизоӣСуғд
Comments (0)
Add Comment