Ҳушдори Кремл нисбат ба истиқрори неруҳои Амрико дар Руминия

Сухангӯи Кремл нисбат ба истиқрори неруҳои Амрико дар Руминия ҳушдор дод ва онро таҳдид алайҳи Русия хонд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳамзамон бо гузориши расонаҳо мабни бар истиқрори неруҳои вежаи Амрико дар Руминия, сухангӯи Кремл рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки истиқрори неруҳои амрикоӣ дар ин кишвар таҳдид алайҳи Русияро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кремл дар як нишасти хабарӣ дар «Маскав» пойтахти Русия гуфт, ки таҳаррукоти неруҳои амрикоӣ сабот барои минтақа ба армағон намеовард.

Бар асоси ин гузориш, расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки лашкари 101 ҳавобурди неруи заминии Амрико мустақар дар Аврупо омодааст то дар сурати ташдиди даргири бо Русия ё ҳамла ба муттаҳиди НАТО, вориди хоки Украина шавад.

Ҳамзамон бо ташдиди таниш байни Русия бо Украина, манобеи хабарӣ аз амалиёти лашкари 101 ҳавобурди артиши Иёлоти Муттаҳида дар марзи Украина хабар доданд.

Шабакаи хабарии “News CBS” гузориш дод, ки дар буҳбуҳаи танишҳои шадид байни Русия ва НАТО, лашкари ҳавобурди артиши Амрико барои аввалин бор дар 80 сол дар Аврупо мустақар шудааст. Ин ягони пиёда низоми сабук барои истиқрор дар ҳар майдони ҷангӣ дар ҷаҳон дар арзи чанд соат омӯзиш дида ва омодаи набард аст.

Генерали бригада “Ҷон Любас”, фармондеҳи ин лашкар гуфт, неруҳои ӯ омодаи дифоъ аз ҳар ваҷаб аз хоки НАТО ҳастанд ва онҳо қобилияти мунҳасир ба фард доранд.

Ин ягони ҳавобурди артиши Амрико дар як тамрин ҳамроҳ бо неруҳои Руминия размоиши заминӣ ва ҳавоӣ ва ҳамла ба мавозеъи душмани фарзиро ба иҷро гузоштанд. Фармондаҳони ин ягон гуфтаанд, ки ҳамеша омодаи набард ҳастанд ва агар даргирӣ ташдид шавад ё ҳамлае ба НАТО анҷом шавад, комилан омодаи убур аз марзи Украина ҳастанд. Расонаҳо шумори неруҳои ягони ҳавобурди артиши Амрикоро ҳудуди 4700 нафар эълом кардаанд.

Кишварҳои ғарбӣ аз замони шурӯъи амалиёти вежаи артиши Русия дар Украина дар моҳи феврал, ки дар вокуниш ба нодида гирифта шудани манофеъи амниятии Маскав тавассути НАТО ва идомаи сиёсати таҳрикомези густариши ин эътилофи низомӣ ба иҷро даромад, ба ироаи анвоъи кумакҳо ба Украина бо ҳадафи муқобила бо Русия пардохтанд.

Ин кишварҳо муддаӣ шуда буданд амалиёти артиши Русия дар Украина дар масири шикаст қарор гирифтааст. Ғарбиҳо бо вуҷуди ин иддао, дар пайи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии густурдаи Русия дар рӯзҳои ахир ба мавозеъи мутааддид дар пойтахт ва чанд шаҳри ҷануб ва ғарби Украина, боз тибқи раволи ҳамешагии худ, бар табли ташдиди хусумат алайҳи Русия кубиданд.

АмрикоДмитрий ПесковКремлРуминияРусия
Comments (0)
Add Comment