Штамми нави коронавирус дар Арабистони Саудӣ

Созмони тандурустии Арабистон эълон кард, ки штамми нави XBB коронавирус дар ин кишвар муайян шудааст.

Созмони тандурустии умумии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки чанд маврид Штамми нави XBB коронавирус дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.

Ин созмон афзуд, ки бо сард шудани ҳаво мавориди зуком ва коронавирус ва бемориҳои мавсимӣ ва роҳҳои нафас афзоиш ёфта ва аз мардум хостааст, ки ваксинаи корона бигиранд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки ба таҳқиқи штамми нави вируси коронавируси XBB идома медиҳанд ва интизор меравад, ки дар давраи оянда теъдоди мубталоён ба бемории КОВИД-19 дар миёни афроде, ки ваксинаи коронаро нагирифтаанд, афзоиш ёбад.

Рӯзи душанбе дар Арабистони Саъудӣ 310 ҳолати нави мубтало ба вируси корона сабт шуда, шумори умумии мубталоён аз оғози хуруҷи ин вирус ба 820 ҳазору 644 нафар расидааст.

Як зерштамми нави ковид, ки дар Сингапур босуръат паҳн мешавад, муваффақтарин штам дар фирор аз системаи масунияти бадани инсон буда ва доираи васеи усулҳои табобат ба он таъсир намерасонад.

Коршиносон мегӯянд, ин зерштамм, ки XBB ном дорад, нисбат ба штаммҳои қаблӣ сирояткунандатар буда, дар беш аз 17 кишвар, аз ҷумла Австралия, Сингапур, Дания ва Ҷопон паҳн шудааст.

Арабистони Саудӣкоронавирус
Comments (0)
Add Comment