Кумаки САҲА ба Туркманистон дар масъалаи амнияти иттилоотӣ

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом кард ба талошҳои давлати Туркманистон барои тазмини амният дар фазои иттилоот кумак хоҳад кард.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) эълом кард ба талошҳои давлати Туркманистон барои тазмини амният дар фазои иттилоот кумак хоҳад кард.

Дар маросими ифтитоҳияи маркази олии амнияти сайберӣ дар институти мухобирот ва анформатики Вазорати омӯзиши Туркманистон эълом шуд, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба талошҳои давлати Туркманистон барои тазмини амният дар фазои иттилоотӣ кумак хоҳад кард.

Ин маросим бо ҳузури мақомоти олирутбаи Туркманистон ва Ҷон Мак Григур, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Туркманистон дар Ишқобод баргузор шуд.

Озот Атоев, муовини вазири омӯзиш гуфт: «мутмаин ҳастам, ки ин марказ ба унвони бистаре барои табодули таҷриба ва омӯзиши пешрафта муаллимон дар заминаи фановариҳои амнияти сайберӣ хоҳад буд ва метавонад роҳи ҳалҳои ҷадид барои амнияти иттилоотро дар ихтиёр бигузорад.

Вай афзуд: «Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) таҷҳизоти лозим барои таҳқиқот ва даромадҳои ҷадидро барои ин институт дар ихтиёр хоҳад гузошт».

Мак Григур, раиси маркази амнияти сайберӣ дар поён гуфт: «Созмон ба ҳимоят аз маркази олии амнияти сайберӣ барои эҷоди бистаре барои табодули таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар заминаи амнияти сайберӣ, муқобила бо таҳдидҳои сайберӣ ва ҳамлаҳои сайберӣ идома хоҳад дод».

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо 57 давлати аъзоро дар Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё муттаҳид намуда, бузургтарин созмони минтақавии амниятӣ дар ҷаҳон мебошад. САҲА ҷиҳати таъмини субот, сулҳ ва демократия барои беш аз як миллиард нафар аз тариқи муколамаи сиёсӣ дар бораи арзишҳои муштарак ва тавассути корҳои амалӣ фаъолият мекунад, ки тағйироти дарозмуддатро барои ояндаи беҳтар таъмин менамояд.

САҲАСозмони Амният ва Ҳамкории АврупоТуркманистон
Comments (0)
Add Comment