Баргардондани беш аз 400 тоҷикистонӣ аз Сурия ва Ироқ ба кишвар

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз чолиши рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳушдор дода, ҷаҳониёнро ба баррасии масъала ба Душанбе хонд.

 

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз чолиши рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳушдор дода, ҷаҳониёнро ба баррасии масъала ба Душанбе хонд.

Дар доираи мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардондаст.

Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни муроҷиаташ ба ҷаҳониён дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” баён дошт.

Вай гуфт, дар миёни бозгаштаҳо аз ҷумла занону кӯдакон қарор доранд, ки феълан ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин барои баррасии масоили терроризму экстремизми байналмилалӣ шариконро ба конфронси Душанбе даъват намуд.

Конфронси Душанбе таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” рӯзҳои 18 ва 19 октябр дар назар аст.

Зикри вазир аз баргардондани тоҷикистониҳо дар ҳолест, ки бори охир чунин як гуруҳ тобистони соли равон аз Сурия оварда шуданд.

ВУХ моҳи июл хабар дода буд, ки ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад.

Таъкид шуда буд, ки бо супориши бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, ки 42 нафарашон зан 104 нафар кӯдак мебошанд.

Илова гардид, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба ватан саъю талош менамояд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо дипломат ва генерали суриягӣ – ноиби президенти ин кишвар, баргардондани тоҷикистониёнро ба Ватан ба миён гузоштааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Башар Ҷафарӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия ва генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии ин кишвар мулоқот анҷом додаст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқотҳо дар Димишқ сурат гирифтаанд.

Дар иттилоия омадааст :

“Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан хабар дода шуд, ки коршиносони СММ ба 57 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, муроҷиатнома барои баргардондани шаҳрвандон аз Сурияро фиристода буд.

Теъдоди хориҷиёне, ки дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд, даҳҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони кишвар дар урдугоҳҳои “Ал-Ҳавз” ва “Ар-Равз”, ки дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои курд ҷойгиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба иттилои вазир, масъалаи бозгашти тоҷикон аз урдугоҳҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифин дар ин кишвар баррасӣ шуда буд.

Пештар Тоҷикистон даҳҳо нафар занону кӯдаконро аз Сурия баргардонданд ва ба иттилои мақомот корбарӣ дар ин самт идома дорад.

 

ИроқСурияТоҷикистони
Comments (0)
Add Comment