Ҳушдори коршинос оиди меҳварҳои ҷадиди таниш дар Осиёи Марказӣ

Коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон аз вуҷуди меҳварҳои ҷадиди танишу муноқишаҳо дар кишварҳои қаламрави Осиёи Марказӣ гуфтааст.

Таҳлилгари сиёсии шабакаи хабари Қирғизистон гуфт: «таҳдидҳои марбут ба конунҳои ҷадиди таниш ҳанӯз дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад ва ҳамлаи равонӣ-иттилоотӣ ба раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ мумкин аст талоше барои барҳам задани таодули сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Қирғизистон бошад».

Крил Истипонук, таҳлилгари сиёсии шабакаи хабари Қирғизистон бо ишора ба бархе ахбор ва гузоришҳои марбут ба дархости барканории Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, ба ҳифзи субот дар кишвар ва набудани таниши сиёсӣ-иҷтимоӣ таъкид кард ва гуфт: «ҳифзи субот бидуни ташдиди вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир барои кишвар бисёр муҳим аст».

Вайафзуд: «талош барои суст кардани пояҳои қудрат дар Қирғизистон ва гумоназанӣ дар мавриди мушкилоти мухталиф паёмадҳои ҷуброннопазиреро дар бар дорад ва агар тазаккур ё эътирозе ҳам ҳаст бояд бо оромиш бархурд шавад».

Ин таҳлилгар гуфт: «бояд дарк кард, ки дар Қирғизистон ҷараёнҳои сиёсии хоссе вуҷуд доранд, ки ба думболи эҷоди мавқеият барои худ ва расидан ба қудрат аз тариқи эҷоди шикоф ва таниш дар ҷомеа ҳастанд. Дар чунин шароите, як дастурамали муҳим барои ҳифзи таодули дохилӣ вуҷуд дорад ва он ҳам таслим нашудан дар баробари таҳрикот аст. Инҳо ҳазинаҳои демократик ва сиёсӣ шудани беш аз ҳадди ҷомеа аст. Тафаккури интиқодӣ бояд шаффоф бошад, вале баҳонае барои эҷоди нооромӣ набошад».

Истипонук мӯътақид аст, ки ҳатто оппозисиони оштинопазир ҳам ин даркро доранд, ки агар акнун қаиқ давлат ва оромиши кишварро такон диҳанд, фардо авоқиби ҷуброннопазире хоҳад дошт. Мо хеле сареъ фаромуш кардем, ки чигуна тазоҳуроти мусолиматомез дар Қазоқистон замоне,ке чандин шаҳри бузург ғарқ дар шӯриш дар таътилоти соли нав шуд, поён ёфт. Ситезаҷӯёни мусаллаҳеро, ки пушти сари шаҳрвандони мӯътариз дар Алмаато зоҳир шуданд, фаромуш кардед?

Вай афзуд: «пас аз он дар Узбакистон ин нооромӣ шӯълавар шуд, замоне, ки мардуми Қарақалпоқистон бо ибтикори Тошканд барои тағйири Сарқонун мухолифат карданд.

Коршиноси сиёсӣ идома дод: «мебинем, ки чигуна оташҳои даргирии марзӣ дар Бишкек оғоз шуд. Ҳар кадом аз нируҳо ҷудогона дар талош ҳастанд, то Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба далели дар назар гирифтани манофеи давлатӣ, ки мунҷар ба ҳифзи 4 вазифа дар манотиқи мавриди муноқиша дар ҳамсоягии Тоҷикистон шуд, ноамнӣ эҷод кунанд. Теъдоди каме аз мардум ба ин воқеият таваҷҷӯҳ мекунанд, ки шаҳри Душанбе низ ҳамин корро мекунад ва нируҳо ва таҷҳизотро аз нуқоти тамоси мустақим бо оташ хориҷ мекунад. Зимни инки ҳар ду тараф (Қирғизистон ва Тоҷикистон, ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ) ба ҳузури шебҳи низомиёни мусаллаҳ бо вобастагии номаълум дар минтақа ишора карданд».

Истипонук баён кард: «Қирғизистон бо талоши қаҳрамононаи марзбонон, ки ҳазинаи онро бо ҷони сарбозон ва афсарон пардохт карда буд аз хоки худ дифоъ кард. Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҷараёни ҷанг дар Боткенд буд, дар бораи оташбас музокира кард ва чандин низомиро аз асорат берун кашид. Барои ин кор, оё бояд барканор шавад?”

Вай афзуд: «вазъияти геополотикӣ аз ҷумла даргирии қудратҳои бузург дар ҷаҳон ташдид шудааст. Нуфузи хориҷӣ дар ҳоли афзоиш аст. Мо бояд бисёр муроқиб бошем. Илова бар ин, тасмимгирӣ дар мавриди мавзӯъи марз наметавонад ба суръат ва бидуни фикр гирифта шавад. Давлат бештарин иттилоотро дар ин замина дорад. Мо аз вазъият то ҳудуде иттилоъ дорем. Бинобарин, ман мехоҳам аз мардум, рӯзноманигорон ва блогерон дархост кунам, ки биёед дар интишори ҳаргуна иттилоот муроқиб бошем. Аҷиб аст, ки талош барои эҷоди таниш дар Қирғизистон ва шикоф дар аъзои маҷлис мавриди таваҷҷуҳ қарор намегирад. Баръакс, бархе намояндагон вазъияти атрофи Боткендро ташдид мекунанд. Гӯё аз авоқиби эҳтимолии ончи, ки дар сурати бурузи даргирии ҷадид рух хоҳад дод, комилан огоҳ нестанд».

Ин коршиноси сиёсӣ гуфт: «илова бар ин, таҳдиди конунҳои ҷадиди таниш ҳанӯз дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ҳамлаи равонӣ-иттилоотӣ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мумкин аст талоше барои барҳам задани таодули сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Қирғизистон бошад ва созмонҳои муҷрии қонунро дар ҳолати битаклифӣ қарор диҳад. Интиқоли конуни таниш ба Бишкек хатарҳои ҷиддӣ барои ҳокимияти давлат ва амнияти шаҳрвандон дорад».

Истипонук дар поён гуфт: «бадеҳӣ аст талош барои шикофи ҷомеа дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда эҳтимолан такрор хоҳад шуд. Таҷрибаи рӯйдодҳое, ки дар кишварҳои дуру наздик дар хориҷ аз кишвар рух медиҳад, ба хубӣ нишон медиҳад. Мо бояд дарк кунем сенарияи овардани мардум ба хиёбонҳо ва иқдомоти таҳрикомез қобили рад нест ва ҳар лаҳза мумкин аст иттифоқ бияфтад. Як бори дигар ба ёд биоварем, ки чигуна танишҳои майдонӣ ба поён мерасад. Бинобарин, сарфи назар аз дидгоҳҳои сиёсӣ, дар ҳоли ҳозир таҳким, интизоъ аз ҷаълиёт ва ҳифзи оромиш муҳим аст. Мояи дилгармӣ аст, ки ҳатто бархе аз мухолифони ҳамешагӣ низ аз ин мавзӯъ огоҳ ҳастанд».

Кумитаи давлатии амнияти миллӣҚирғизистонмуноқишаҳои марзӣОсиёи марказӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment