Изҳори нигаронии намояндаи САҲА аз ҳабси журналистон дар Тоҷикистон

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар сафари худ ба Тоҷикистон аз маҳдудиятҳои озодии баён ва ҳабси журналистон изҳори нигаронӣ кард.

Тереза Рибейро, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот, ки ба  Тоҷикистон сафар карда буд, дар изҳороти натиҷаии он аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар ва ҳабси журналистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад ҳайати САҲА дар умури озодии матбуот дар сафари чаҳоррӯзааш, ки имрӯз, 7 октябр ба итмом расид, нигаронии худро дар гуфтугӯҳояш бо Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Додситонии кулл ва Миҷгона Бобозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба миён гузоштааст.

Дар изҳороте, ки дар вебсайти САҲА нашр шудааст, Рибейро аз Тоҷикистон хоста масъулиятҳои байналмилалии худ дар мавриди озодии баёнро риоя кунад, ба рӯзноманигорон иҷозати кор диҳанд, амнияти ҳуқуқиву ҷисмонии рӯзноманигорон, ба хусус амнияти онлайнии рӯзноманигорони занро таъмин кунанд.

Намояндаи САҲА аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, “барои тамоми рӯзноманигорон дар кишвар шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд».

“Аз шумори зиёди рӯзноманигорони зиндонӣ ва ҳукмҳои сангин нисбат ба онҳо шадидан нигаронем”.

Вай таъкид кардааст, ки “саркӯби озодии баён ба кори рӯзноманигорон халал эҷод мекунад ва худсензураро ба вуҷуд меорад”.

Рибейро ҳамчунин барои 7,5 сол равонаи зиндон шудани Абдулло Ғурбатиро маҳкум карда, нигаҳдории ӯ дар зиндони низомаш сангинро шадидан интиқод кардааст.

Дар бораи ин мулоқот ҷуз вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки хабари мухтасар нашр карда, аз ҷузъиёти он хабаре надодааст, ҳеҷ нигоҳи дигар гузорише ироа накардаанд.

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфтааст, аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки барои ислоҳи вазъи озодии баён талош кунанд ва ӯҳдадориҳои худ дар назди САҲА ва ҷомеаи байналмилалӣ иҷро намоянд.

Диӯз 6 октябр Рибейро дар саҳифаи телеграмии худ навишт, изҳори нигарониаш аз ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба мақомоти Тоҷикистон баён доштааст.

“Ин гуна ҳукмҳои даҳшатовар озодии расонаҳо ва озодии баёнро бештар зери хатар мегузоранд. Ғурбатӣ бояд озод карда шавад”.

Гуфтанист, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар остонаи сафари ҳайати САҲА, рӯзи 4 октябр Ғурбатиро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар ин бора дар нишасти САҲА сӯҳбат мекард гуфт “мақомоти Душанбе бо судури ин ҳукм нишон доданд, ки ба онҳо он ҳама чизе, ки дар бораашон дар анҷумани Варшава мегӯянд, арзише надорад”.

Огоҳон мегӯянд бахши озодии матбуот дар САҲА бисёр заъиф шудааст. Ин бахш бештар ба ҳукуматҳо гуфтугӯ мекунад ва тамосаш бо рӯзноманигорону расонаҳо камтар шудааст. Қаблан ба раёсати ин бахш рӯзноманигорон таъин мешуданд, ҳоло он ба дасти дипломатҳо афтодааст. Тереза Рибейро аз дипломатҳои собиқ аст.

Ба гуфтаи коршиносон баъид аст мақомоти Тоҷикистон ба ин даъвати Рибейро таваҷҷӯҳ кунанд ва он камтарин таъсире ба мурофиаву ҳукми 6 рӯзноманигори боздоштшудаи дигар таъсир расонад.

Абдуллоҳ Ғурбатижурналистони тоҷикзиндониёни сиёсӣСАҲАСозмони Амният ва Ҳамкорӣ дар АврупоТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment