Салиби Сурх дар бораи густариши фақр дар Афғонистон ҳушдор дод

Кумитаи Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз бадтар шудани вазъият ба сармоягузории бештар дар Афғонистон ниёз аст.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълон кард, ки фақр як таҳдиди ҷиддӣ барои шаҳрвандони Афғонистон аст.

Ин кумита дар Твиттер навишт: “барои ҷилавгирӣ аз бадтар шудани вазъият ба сармоягузории бештар дар Афғонистон ниёз аст.”

Ба гуфта кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, даҳҳо ҳазор тан дар Афғонистон шуғли худро аз даст додаву барои гузарондани зиндагӣ бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ ҳастанд ва дар сурати адами кумакҳои ҷаҳонӣ бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Чанде пеш низ шуморе аз созмонҳои кумакрасони байналмилалӣ бо ҳушдор аз фарорсидани зимистони сахт, дархости кумаки молии бештаре ба мардуми Афғонистон карданд.

Пештар комиссари олии паноҳндагони Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ки беш аз ниме аз ҷамъияти Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ва ҳифозат аз зиндагӣ ниёзманд ҳастанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ дар Твиттер навиштааст, ки аз ҳар ду нафар дар Афғонистон як нафар ба дурустӣ намедонад, ки ваъдаи ғизоии баъдиро аз куҷо ба даст оварад.

Гуфта мешавад, ки 24.4 миллион нафар дар Афғонистон бо ноамнии шадиди ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва ба кумаку ҳимояти башардӯстона ниёз доранд.

Комиссари олии паноҳндагони СММ ҳамчунин таъкид кард, ки “мардуми Афғонистонро наметавон фаромӯш карду пушти сар гузошт.”

Ин ниҳод афзуд, ки бо талошу эҷоди мактаб, марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ, лоиҳаҳои обрасонӣ ва ҷодаҳо, шароитеро барои бозгашти довталабонаи паноҳандагону оворагон низ фароҳам хоҳад кард.

Афғонистонфақр
Comments (0)
Add Comment