Баррасии тақвияти ҳамкориҳо дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Миср

Мақомоти Тоҷикистон ва Миср роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро барраси карданд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Миср роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро барраси карданд.

Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср бо Эмин Комил, муъовини вазири хориҷаи Миср дар умури кишвароҳи осиёӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба равобити дустона ва густариши ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар баҳсу барраси шуд.

Дар ин гуфтугӯ тарафайн бар алоқамандии мутақобил барои тақвият ва густариши бештари равобити муфид барои ду тараф таъкид карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар дидори муовинони вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Миср ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷа, мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Айман Комил муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Миср дар умури кишварҳои осиёӣ дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид.

Дар дидори Музаффар Ҳусайнзода ва Айман Комил, мувинҳои вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Миср ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид гардид. Ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, гуманитарию сайёҳӣ ва амниятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суҳбат ҳавасмандии амиқ барои фаъол намудани абзорҳои иртиботӣ, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ таъкид гардид.

Андешидани тадбирҳои муштарак дар раванди пешгирии таъсири бемории сироятии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим муҳим дониста шуд.

Ҳамсуҳбатон оид ба вазъи минтақа, мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Тоҷикистон равобити хубе бо кишварҳои ҳавзаи арабӣ ва африқоӣ дорад ва дар бахши мубориза бо коронавирус дар асоси ройзаниҳои шаклгирифта, тавонистааст кумакҳои бисёр зиёде аз кишварҳои мухталиф дарёфт кунад ва равобити худро дар арсаҳои мухталиф бо кишварҳои ин ҳавза тақвияту таҳким бахшад.

 

Мисртақвияти ҳамкориҳоТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment