Шаҳид, маҷрӯҳ ва боздошти фаластиниён тавассути низомиёни саҳюнистӣ

Низомиёни саҳюнист ба шаҳракҳое дар Қудси ишғолӣ юриш бурданд.

Низомиёни саҳюнист ба шаҳракҳое дар Қудси ишғолӣ юриш бурданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф мардуми Фаластинро шаҳид, маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд. Фаластиниён низ дар посух ба ин ҷиноёт амалиёти зиддисаҳюнистӣ анҷом медиҳанд.

Низомиёни саҳюнист ба шаҳраки Алтур юриш бурданд ва дар манотиқи мухталифи ин шаҳрак ҳузур ёфтанду иқдом ба боздошти фаластиниёну партоби гази ашковар ба сӯйи мардум карданд.

Дар шаҳраки Силвон низ саҳюнистҳо бо фаластиниён даргир шуданд.

Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ дар остонаи ҷашнҳои соли ҷадиди яҳудӣ аз тарси шиддат гирифтани амалиётҳои фаластиниён ҳазорон нафар аз неруҳои худро дар Қудси ишғолӣ ва шаҳрҳову шаҳракҳои мухталифи он мустақар кардааст.

Таии як моҳи ахир амалиётҳои худҷӯши фаластиниҳо алайҳи саҳюнистҳо ба шакли қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ҳамин масъала режими ишғолгарро ба ваҳшат андохтааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳамос дар солгарди оташсӯзии Масҷидулақсо бо интишори баёнияе зимни таъкид бар инки ҷиноятҳои душмани саҳюнистӣ алайҳи Қудс ва Масҷидулуақсо, ҳаргиз сабаби машрӯъитбахшӣ ба ин режим ва ҳокимияти ишғолгарон бар онҳо нахоҳад шуд, тасреҳ кард: “миллати Фаластин бо тамоми имконот ва абзорҳои мумкин аз Масҷидулақсо дифоъ хоҳад кард”.

Ин ҷунбиш рӯзи якшанбе бо интишори баёнияе ба муносибати 53-юмин солрӯзи ба оташ кашидани Масҷидулақсо аз сӯи саҳюнистҳои ҷинояткор, тасреҳ кард: “миллати Фаластин ва уммати исломӣ ва арабӣ ҳаргиз рӯзи 21 августи соли 1969-ро, ки як яҳудии ҷинояткор бо ҳамдастии возеҳ ва ошкори режими саҳюнистӣ, Масҷидулақсоро ба оташ кашид ва ин ҷиноятро муртакиб шуд, аз ёд намебаранд.

Дар идомаи ин баёния таъкид шудааст: “ин ҷинояти ҳавлнок ҳамеша шоҳид ва гувоҳе бар ҷиноятҳои террористии режими саҳюнистӣ ва гурӯҳкҳои тундрави яҳудӣ ва тарҳҳои шум ва мустамари онон алайҳи Масҷидулақсо хоҳ аз таорузоти рӯзона ба ин макони муқаддас, талош барои тақсим ва нобудии он, идомаи таъқиб ва боздошти сокинони Қудс ва муҳофизони Масҷидулақсо ва қатл, куштор, боздошт ва табъиди фаластиниён хоҳад буд.

Ҳамос афзуд: “53 сол аз ин ҷиноят гузашт ва ба рағми ташдиди ҷиноятҳо ва таҷовузҳои ишғолгарони саҳюнист алайҳи Масҷидулақсо ва муҳофизони он, огоҳӣ ва бедории миллат ва интифозаҳои пай дар пайи онон, субот ва пойдории муҳофизон ва посдорони Масҷидулақсо ва рашодатҳои диловармардони муқовимат дар ҳар марҳила, ки душман қасди таарруз ба Қудс ва Масҷидулақсоро дошта, сабаб шуд то тарҳҳо ва тавтеаҳои душман нақш бар об шавад, камо инки инҳо таъкиде бар ваҳдати миллат ва муқовимати Фаластин дар тамоми майдонҳо ба манзури дифоъ аз қудс ва Масҷидулақсо буд ва шамшери Қудс то озодии Қудси Шариф ва қиблаи нахусти мусулмонон бар замин гузошта нахоҳад шуд.

Дар ин баёния омадааст: “шаҳри Қудс ва дар қалби он Масҷидулақсо, асос ва пояи низоъ бо душмани саҳюнистӣ ва қутбнамои ваҳдати миллат ва уммат барои дифоъ аз он дар тамоми арсаҳои сиёсӣ, дипломатик, расонаӣ ва инсонӣ ҳастанд”.

Ин ҷунбиш зимни эъломи пойбандии худ ба хуни шаҳидон ва ҷонфишониҳои асирон ва мудофеони Қудс ва Масҷидулақсо, таъкид кард: “мо ҳамчунон ба муқовимати фарогир ба манзури озодсозии сарзамин, асирон ва меъроҷгоҳи Паёмбар (с) пойбандем”.

Дар ин баёния омадааст: “ишғолгарони саҳюнист ҳатто дар як ваҷаб аз хоки Масҷидулақсо ҷойгоҳ ва машрӯъияте надоранд ва ин масҷид як макони комилан исломӣ буда ва хоҳад буд ва талошҳо ва тавтеаҳои душман барои яҳудисозӣ ё тағйири осор ва нишонаҳои исломии он ё тақсими замонӣ ва маконии ин масҷид ҳаргиз роҳ ба ҷое нахоҳад бурд ва Масҷидулақсо исломӣ боқи хоҳад монд ва ҳамчунон қалби уммат дар ҳар нуқта аз ҷаҳон ба ишқи он метапад”.

Ҷунбиши муқовимати Фаластин, уммати исломӣ ва арабӣ ва сарони давлатҳоро ба амал ба масъулиятҳои таърихии худ ва таҳарруки фаврӣ ва созанда барои дифоъ аз Масҷидулақсо дар баробари хатари яҳудисозӣ ва нобудии осор ва нишонаҳои исломии он даъват кард”.

Ҳамос ҳамчунин аз созишгарон бо душмани саҳюнисти хост барои ҳимоят аз Қудс ва Масҷидулақсо дар тасмими худ таҷдиди назар кунанд.

Ин ҷунбиш хостори ҳузури густарда ва ҳамешагии фаластиниён дар Масҷидулақсо ба манзури муқобила бо шаҳракнишинони ишғолгари исроилӣ ва тарҳҳои шуми онон алайҳи ин макони муборак шуд.

 

боздоштмаҷруҳсаҳюнистФаластиниёншаҳид
Comments (0)
Add Comment