Созмони Милал: 6 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагӣ шадид рӯбарӯ мешаванд

Созмони Милал бо ишора ба ноамнии ғизоӣ таъкид карданд, ки ҳудуд 6 миллион нафар дар Афғонистон ба зудӣ бо гуруснагии шадид рӯбарӯ мешаванд.

Дар ҳоле, ки дороиҳои Афғонистон ҳамчунон масдуд аст, ниҳодҳои Созмони Милал дар гузорише бо ишора ба ноамнии ғизоӣ таъкид карданд, ки ҳудуд 6 миллион нафар дар Афғонистон ба зудӣ бо гуруснагии шадид рӯбарӯ мешаванд.

Идораи ғизо ва кишоварзии Созмони Милал ва идораи барномаи ҷаҳонии ғизо дар гузорише дар бораи афзоиши ноамнии ғизоӣ дар ҷаҳон таъкид карданд, ки пас аз моҳи ноябр ва сардии ҳаво дар Афғонистон, ҳудуди 6 миллион нафар ба кумакҳои бисёр фаврӣ ниёз пайдо мекунанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки замистони соли гузашта дар манотиқи муртафаи Афғонистон 20 ҳазор нафар бо гуруснагии шадид рӯбарӯ шуданд.

Дар ин гузориш боз омадааст, ки Афғонистон ва 19 кишвари дигар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, то аз фоҷиаи гуруснагӣ наҷот ёбанд.

Пеш аз ин низ, барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта буд дастикам 20 миллион нафар дар Афғонистон бо буҳрони гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд ва бояд кумакҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҳарчи зудтар ирсол шавад.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ садҳо нафар аз сокинои шаҳри Кобул бо роҳандозии тазоҳуроти зидди амрикоӣ хостори озодсозии бидуни қайду шарт ва фаврии 10 миллиард доллар аз захоири Бонки марказии Афғонистон тавассути Амрико ва кишварҳои ғарбӣ шуданд.

Мӯътаризин бо сар додани шиорҳое тасреҳ карда буданд, ки ин пул бояд ба мардуми Афғонистон таҳвил дода шавад, то аз он барои бозсозӣ ва рушди иқтисод ва дигар зерсохтҳо истифода шуда ва мардуми Афғонистон аз фақр наҷот ёбанд.

Бар асоси гузоришҳои ниҳодҳои Созмони Милал, коҳиши сатҳи хушунатҳо дар Афғонистон сабаб шудааст, то созмонҳои хайриявӣ ба ниёзмандон дастраси пайдо кунанд, аммо вуҷуди мин, маводи инфиҷории боқимонда аз ҷанг, чолишҳои тадорукотӣ ва зербиноҳои заиф ҳанӯз ҳам дастрасӣ ба ниёзмандонро бо маҳдудият рӯбарӯ кардааст.

АфғонистонгуруснагӣСозмони Милал
Comments (0)
Add Comment