Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон бо ташаббуси раисҷумҳури феълӣ амалӣ шуда, ҳадафи онро чун идомаи ислоҳот арзёбӣ кардааст.

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон бо ташаббуси раисҷумҳури феълӣ амалӣ шуда, ҳадафи онро роҳбари давлат чун идомаи ислоҳот арзёбӣ кардааст.

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон ба рӯзи 20 ноябр таъйин шуд. Фармон дар ин бораро президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев имзо кардааст.

Бар асоси ин фармон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муваззаф шудааст, ки омодагиҳоро ба баргузории интихобот оғоз намояд.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад.

Парлумони Қазоқистон 16 сентябр тағйирот ба конститутсияи кишварро дар ин бора қабул кард.

Тоқаев зимни шарҳи ин тасмим онро ба манфиати давлат арзёбӣ кард.

Тоқаев гуфт: “Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болотар аст. Аз ин рӯ, омодаам, ки мӯҳлати ваколатамро кӯтоҳ карда, ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ равам”.

Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.

Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.

интихоботи президентӣҚазоқистонСалиби сурхСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment