Шойгу: Русия бо тамоми Ғарб меҷангад

Вазири дифоъи Русия гуфт, ки Маскав натанҳо бо Украина, балки бо НАТО ва тамоми Ғарб дар ҳоли ҷанг аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Роша Тудей”, “Сергей Шойгу”, вазири дифоъи Русия мегӯяд, ки Маскав натанҳо бо Украина, балки бо тамоми Ғарб дар ҷанг аст.

Вай изҳор дошт: Мо ба андозае, ки бо Ғарб дар набард ҳастем, бо Украина нестем зеро таслиҳоти Украина, ки боқимондаи силоҳҳои Шӯравии собиқ аст, амалан тамом шудааст. Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, тамоми таслиҳоти худро ба Украина додаанд вале мо онҳоро шикаст дода, нобуд карда ва аз байн бурдем.

Сергей Шойгу ҳамчунин гуфт: Русия ҳамчунон ба пешравӣ дар минтақаи Донетск идома медиҳад.

Ба гуфта Сергей Шойгу, талафоти Русия дар ҷараёни амалиёти низомии ин кишвар дар Украина, панҷ ҳазор ва 937 нафар буда ва беш аз 90 дарсади захмиҳо ба майдони набард бозгаштаанд.

Шойгу  ҳамчунин изофа кард, ки беш аз 70 моҳвораи низомии НАТО ва 200 моҳвораи ғайринизомӣ алайҳи Русия машғули фаъолият ҳастанд.

Вай дар идома дар хусуси басиҷи бахше аз неруҳои Русия, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар соате пеш онро эълом кард, гуфт, ки 300 ҳазор неруи захира фарохонда мешаванд.

Пештар Путин зимни судури фармони басиҷи бахше аз неруҳои захираи Русия, гуфт: дар шароити мавҷуд, ин тасмимгириҳо бисёр зарурӣ аст ва комилан дар чорчуби мувоҷиҳа бо таҳдидҳое, ки бо онҳо рӯбарӯ ҳастем иттихоз шудаанд; Яъне барои муҳофизат аз меҳанамон ва ҳокимият ва тамомияти арзӣ онҳо иттихоз шудаанд то амнияти шаҳрвандони Русия ва мардуми манотиқе, ки (дар шарқи Украина) озод шудаанд тазмин шавад. Ба ҳамин иллат ҳимоят аз пешниҳоди вазорати дифоъ ва ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ барои эъломи басиҷи умумӣ маҳдуд дар Русияро бисёр зарурӣ медонам.

Ба гуфтаи Путин, иқдомоти (идорӣ) марбут ба ин басиҷи умумӣ маҳдуд аз аз имрӯз оғоз шуда ва таъкид кард, ки танҳо неруҳои захира машмули сарбозии иҷборӣ ҳастанд ва касоне, ки неруҳои мусаллаҳи хидмат кардаанд ва дорои таҷрибаи муртабит ва низомӣ ҳастанд дар аввалуият қарор доранд.

ҒарбРусияСергей ШойгуУкраина
Comments (0)
Add Comment