Ройзании Раҳмону Мирзиёев; нишасти Шангхай ва вазъияти минтақа меҳвари гуфтугӯ

 Дар тамоси телефонии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон натоиҷи нишасти Шангхай дар Самарқанд, вазъият дар марз бо Қирғизистон ва ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Дар тамоси телефонии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон натоиҷи нишасти Шангхай дар Самарқанд, вазъият дар марз бо Қирғизистон ва ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар тамоси телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ сарони ду кишвар натоиҷи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шангхай дар Самарқандро баррасӣ карданд.

Дар ин росто, Раҳмон аз абъоди ташкилотӣ ва мӯҳтавои ин рӯйдоди муҳими минтақаӣ қадрдонӣ ва аз истиқболи гарм ва меҳмоннавозии суннатии раисҷумҳури Узбакистон ташаккур кард ва натоиҷи нишасти сарони кишварҳо, ки сабаби тасвиби бастаи маҳкаме аз тасмимот ва аснод дар заминаҳои мухталифи фаъолияти ин созмон шуд, мусбат арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни ин гуфтугӯи Раҳмону Мирзиёев, раисҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон, ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ҳамтои узбаки худро дар мавриди авзоъ дар марз бо Қирғизистон огоҳ кард.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди бархе мавзӯъоти муҳими равобити Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобили судманд дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ баҳс ва табодули назар карданд.

МирзиёевРаҳмонСамарқандШангхай
Comments (0)
Add Comment