Мансабдори тоҷик: “музокира танҳо роҳи ҳалли мушкили марзӣ бо Қирғизистон аст”

 Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон музокираро танҳо роҳи ҳалли мушкили марзии ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон донистааст.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасте бо ҳузури сафирон, раисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин расонаҳои хориҷӣ, танҳо роҳи ҳалли мушкили марзӣ бо Қирғизистонро музокира донистааст.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷӣ ва раисони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин намояндагони расонаҳои хориҷӣ баргузор шуд, ба ташреҳи чигунагии даргириҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пардохт.

Вай изҳор дошт: “ба ҳақ сарзаниш мешавем, ки вокуниши мо дар расонаҳо ҳамроҳ бо таъхир буда ва аз рӯйдодҳо ақаб мондаем. Мехоҳам бигӯям, ки агар кишваре мавриди тааррузу таҷовуз қарор гирифта бошад, ин як раванди айнӣ аст. Зеро кишвари мутаҷовиз натанҳо иқдомоти мусаллаҳонаи худро аз қабл барномарезӣ мекунад, балки бар ин асос, аз дигар маворид аз ҷумла ҳамроҳии расонаҳо кумак мегирад. Ин шоҳиди дигаре бар таҷовузҳои Қирғизистон алайҳи кишвари мо аст”.

Ин мансабдори сиёсии тоҷик зимни таъкид ба идомаи музокира байни ду кишвар барои поён бахшидан ба даргириҳо изҳор дошт: “мо ҳаргиз дар сиёсати расонаии худ ҳадафи душмансозӣ аз кишвар ва мардуми Қирғизистонро надоштем ва надорем. Аммо тарафи муқобил баръакс иқдом мекунад ва ҳамин ҳоло аз Бишкек ва дигар шаҳрҳои бузурги Қирғизистон хабарҳое мерасад, ки тоҷиктаборони муқими ин кишвар бидуни таваҷҷӯҳ ба тобеияташон мавриди зарбу шатм қарор мегиранд ва ба мақсади номаълуме бурда мешаванд. Ин натиҷаи иқдомоти расонаии манфии ҷониби дигар аст, ки аз кишвари ҳамсояи худ симои душманро тарсим кардааст”.

Вай аз расонаҳои Тоҷикистон ташаккур кард, ки ба рағми фуқдони иттилооти расмӣ, бо иттико ба манобеи мавриди эътимод ва шоҳидони айнӣ рӯйдодҳоро ба таври фаъол пӯшиш доданд.

Имомӣ интиқоли тақрибо 140 ҳазор нафар аз сокинони рустоҳои марзии Қирғизистон ба манотиқи дигар қабл аз шурӯъи даргириҳоро, ки дар муддатзамони кӯтоҳе қобили таҳаққуқ нахоҳад буд, яке дигар аз шавоҳиди далолаткунанда бар омодагии қаблии неруҳои низомии Қирғизистон барои таарруз ба марзҳои Тоҷикистон унвон кард.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мавориди ёдшуда аз намояндагони кишварҳои дигар хост, то вазъияти мавҷудро ба сурат бетарафона ва воқеъбинона арзёбӣ кунанд. Зеро расонаҳои бархе аз кишварҳо, ки намояндагонашон дар ин салон ҳузур доранд, иттифоқотро якҷониба бозтоб додаанд.

Вай теъдоди қурбониёни ҷониби Тоҷикистонро 41 нафар унвон ва тасреҳ кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти вахими теъдоде аз захмиҳо, мумкин аст ин рақам тағйир кунад.

Имомӣ истифода аз таҷҳизоти сангин ва силоҳи гарм тавассути низомиёни кишвари ҳамсоя алайҳи сохтмонҳое монанди мадорис, масҷид, манзилҳо ва ҳатто омбулонсро, ки дар дохили он пизишкон ва афроди ғайри низомӣ ба шумули як зан ва ду кӯдак қарор доштанд ва ҳамагӣ кушта шуданд, маҳкум кард.

Ин мақоми сиёсии тоҷик ишора кард, ки тайи 12 соли ахир беш аз 230 мавриди истифода аз силоҳ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сабт расидааст.

Ба гуфтаи вай, дар солҳои нахуст ба рағми кушта шудани теъдоде дар миёни низомиён ва мардуми оддӣ, Тоҷикистон ба ҳар тариқи мумкин аз ҳаргуна иқдоми талофиҷӯёна худдорӣ мекард, то вазъият ба маҷрои музокира бозгардонда шавад. Ҳатто барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ, чандин бор иқдом ба халъи силоҳи сокинони манотиқи марзӣ шуд. Дар ҳоле, ки Қирғизистон сиёсати комилан мутафовитеро думбол ва дар соли 2015 қонун “дар мавриди комиссарони марзӣ”-ро тасвиб кард, ки тибқи он тақрибан ҳар бузургсоле метавонад силоҳ ҳамл ва истифода кунад. Илова бар он вуруди атбоъ, худравҳо ва комюнҳои Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистонро мамнуъ кард, ки комилан мухолиф бо асноди имзошудаи дуҷониба қарор дорад.

Тибқи назари ин мақоми сиёсии тоҷик, Қирғизистон тайи солҳои ахир дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон размоишҳои мухталифе баргузор кард, ки дар пайи он бархе аз нируҳоро ба маҳалли истиқрори доимӣ барнагардонад ва дар манотиқи марзӣ боқӣ гузошт.

Бинобар изҳороти Имомӣ, тайи солҳои ахир Қирғизистон фаъолиятҳои худ дар заминаи истифодаи кишоварзӣ ва иқтисодӣ аз манотиқи мавриди баҳс ва манобеи обии фаромарзиро ташдид кардааст. Ин мавзӯъ аз ҷумла ба рӯдхонаи Хоҷа Боқиргон тааллуқ мегирад, ки шаҳри Хуҷанд ва манотиқи пиромуни он бо ҷамъияти болои ним миллион нафар аз ин рӯдхона тағзия мекунанд, ки имсол тақрибан аз имкони обёрии мазраъаҳои худ маҳрум шуданд. Чунин иқдоме дар тақобул бо асноде қарор дорад, ки дар он тақсими оби ин рӯдхона таъйин ва аз сӯи мақомоти марбутаи Қирғизистон имзо шудааст.

Имомӣ дар бахши поёнии сӯҳбатҳои худ, гуфт, ки Тоҷикистон ба рағми адами субот дар амалкарди ҷониби Қирғизистон нисбат ба ҳалли масоили марзӣ, боз ҳам танҳо роҳи ҳалли ин мушкилро музокира медонад.

Вай барои даст ёфтан ба натиҷаи матлуб, таҳаққуқи тавофуқҳои имзошуда ва ғайринизомисозии марзҳо, яъне берун кардани неруҳои низомӣ ба шумули неруҳои вижа аз манотиқи марзиро масъалаи зарурӣ донист ва таъкид кард, ки ба истиснои марзбонони ду кишвар набояд дигар нируҳо дар манотиқи марзӣ ҳузур дошта бошанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистондаргирӣ дар марзҚирғизистонмушкилоти марзӣСодиқ ИмомӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment