Ғарб бузургтарин қабристони башарият аст

Попи Франсис, раҳбари насрониҳои католикии ҷаҳон, Ғарбро бузургтарин қабристони башарият тавсиф карду гуфт: Имрӯз Ғарбро наметавон “намуна” донист, зеро роҳро хато рафтааст.

Попи Франсис дар мусоҳиба бо рӯзномаи Италия “Corriere della Sera” гуфт: Ғарб айни замон як улгу нест, зеро Ғарб масирро хато рафтааст, ба унвони мисол дар робита бо адолати иҷтимоӣ роҳи хаторо дар пеш гирифтааст.

Попи Франсис дар идома Ғарбро бузургтарин қабристони инсоният тавсиф кард ва ба мушкилоти ҷамъиятии Аврупо ишора карда гуфт: Брюссел дар ин шароит сиёсати иштибоҳеро дар заминаи муҳоҷират дунбол мекунад.

Вай бо баёни инки мо дар Испания ва Италия ба мардум ниёз дорем, гуфт: Чаро Ғарб сиёсати ҳамгироии муҳоҷиронро дунбол намекунад?

Раҳбар католикиҳои ҷаҳон ҳамчунин изҳор дошт, ки Ғарб акнун дар болотарин сатҳ нест ва наметавонад ба кишварҳои дигар кумак кунад.

ҒарбПопи Франсис
Comments (0)
Add Comment