Раисӣ: “Тоҷикистон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон аст”

Президенти Ҷумҳурии Исломи Эрон рушди равобит бо кишварҳои Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистонро ҷузви авлавиятҳои аввали сиёсати хорҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.

Раисӣ, президенти Ҷумҳурии Исломи Эрон рушди равобит бо кишварҳои Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистонро ҷузви авлавиятҳои аввали сиёсати хорҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи панҷшанбе дар идомаи барномаҳои рӯзи дувуми сафари худ ба Узбакистон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки рушди равобит бо кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикисон ҷузи авлавиятҳои аввали сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст гуфт: “иштирокоти биёср миёни мардуми ин минтақа дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва тамадуни вуҷуд дорад”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар истимрори сиёсати рушди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: “Зарфиятҳои бисёр барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Теҳрон ва Душанбе вуҷуд дорад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз пешрафти равобити ду кишвар махсусан дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ бар азми кишвараш барои идомаи ин раванд таъкид кард.

Президентҳои ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бар бахши дигари ин дидор дар мавриди масоили минтақӣ, амниятӣ ва мушкилоти мардуми Афғонистон ройзанӣ ва табодули афкор намуданд.

Сайид Иброҳими РаисӣТоҷикистонЭмомалӣ РаҳмонЭрон
Comments (0)
Add Comment