Нишасти Самарқанд ва фурсатҳои пеши рӯи Шангҳай

 Нишасти Самарқанд барои Созмони Ҳамкории Шангҳай як фурсати бисёр вижае барои баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо интишори мақолае дар мавриди нишасти ояндаи Созмони Ҳамкории Шангҳай эълом кард: «нишасти Самарқанд барои Созмони Ҳамкории Шангҳай як фурсати бисёр вижае барои баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст».

Дар ин нишаст руасои ҷумҳури кишварҳои узви ин созмон барои нахустин бор тайи 3 соли гузашта ба шакли ҳузурӣ гирдиҳам меоянд.

Бо таваҷҷӯҳ ба тағйироти ҷиддӣ дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ, аҳамияти нишасти Самарқанд беш аз пеш афзоиш меёбад, зеро дар ин нишаст бояд тасмимҳо ва тавофуқҳои калидӣ гирифта шавад, ки ояндаи тавсеаи созмонро таъйин кунад.

Созмони Ҳамкори Шангҳай – ин як блок нест; балки созмоне аст, ки идаҳои ҳамкории чандҷонибаро тарвиҷ мекунад. Ин усул ба равшанӣ дар маншури он баён шудааст ва кулли таърихи созмон риояти дақиқи ин қонунҳоро собит мекунад.

Ин нишаст бо ҳузури 15 раисҷумҳур ва руасои 10 созмони байналмилалии ҳамкор бо Созмони ҳамкории Шангҳай баргузор мешавад. Бинобарин, бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳ ва созмондеҳии он, ин нишаст як нишонаи бориз аз нуфузи рӯзафзуни Узбакистон ва эътибори раисҷумҳури он ба унвони як сиёсатмадори байналмилалӣ аст.

Гуфтанӣ аст, Узбакистон тайи як соли ахир раиси Созмони Ҳамкории Шангҳай аст. Сиёсати хориҷии мустақил ва ҳамаҷонибаи Шавкат Мирзиёев боис шудааст, ки манофеи кишварҳои бузург, мутавассит ва кӯчакро дар фазои Созмони Ҳамкории Шангҳай мутаодил шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин масъала ба Тошканд як мазияти муҳим, эътимоди тавассути ҳамаи кишварҳои Созмони Ҳамкории Шангҳай, ки имкони пешбурди ибтикороти муҳими минтақаӣ ва ҷаҳониро медиҳад.

Узбакистон ба кишварҳои Созмони ҳамкории Шангҳай пешниҳоди таҷдиди назар дар арзишҳои ҳамкориҳои чандҷонибаро дар давраи таҳаввулоти геополотикӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ироа медиҳад. Бинобарин, интизор меравад Шавкат Мирзиёев дар нишасти Самарқанд ибтикорот ва пешниҳодҳои муҳимеро мутобиқи дастури кор ва бозсозии фаъолияти ин созмон матраҳ кунад.

Имрӯз алоқа ба зарфияти Созмони Ҳамкории Шангҳай дар сатҳи байналмилалӣ низ дар ҳоли афзоиш аст. Эътиқод бар ин аст, ки ҳастаи аслии созмон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар воқеъ, Созмони Ҳамкории Шангҳай барои тавсеаи қолаби ҷадиди ҳамкориҳо дар ин минтақа эҷод шудааст. Саҳми созандаи он барои субот, амният ва барқарории ҳамкориҳои чандҷониба дар Осиёи Марказӣ як воқеияти ғайриқобили инкор аст.

Имрӯз Созмони Ҳамкории Шангҳай вориди як марҳилаи ҷиддии таҳаввулот мешавад, теъдоди аъзои он афзоиш меёбад. Барномарези шудааст дар чорчӯби нишасти қарибулвуқуъ дар шаҳри Самарқанд ёддошти тааҳҳудоти Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо шавад, ки роҳро барои узвияти комили ин кишвар дар Созмони Ҳамкории Шангҳай мегушояд.

Ҳамчунин интизор меравад ёддошти эътои мақоми шарики гуфтугӯ дар Созмони Ҳамкории Шангҳай ба Миср, Арабистони Саудӣ ва Қатар низ имзо шавад. Ҳамчунин дархостҳои Баҳрайн ва Молдив барои дарёфти мақоми шарики гуфтугӯ тасвиб шавад.

Бо ин вуҷуд, ба ақидаи коршиносон, Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон ҳастаи аслии Созмони Ҳамкории Шангҳай боқӣ бимонад. Чун ин минтақаи марказӣ фазои дар ҳоли тавсеа он аст. Ба ҳамин далел тақвияти фарояндҳои мусбат ва ғайриқобили баргашт дар Осиёи Марказӣ ба нафъи Созмони Ҳамкории Шангҳай аст. Ин замонати муваффақияти куллии созмон аст.

Барномарезӣ шудаааст, ки дар чорчӯби нишасти Самарқанд чандин асноди муҳим имзо шавад. Дар ҳоли ҳозир 30 санади ҳамоҳангшуда мабнӣ бар тақвияти ҳамкориҳои чандҷонибаи Созмони Ҳамкории Шангҳай таҳия шудааст.

Санади ниҳоии аслии нишасти Самарқанд баёнияи Самарқанд хоҳад буд, ки бархурдҳои муштараки кишварҳои Созмони Ҳамкории Шангҳай дар ҳалли мушкилоти минтақаӣ ва ҷаҳониро бо таъйини авлавиятҳои тавсеаи созмон мунъакис хоҳад кард.

Созмони Ҳамкории Шангҳай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шангҳайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Дар нишасти созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони Ҳамкории Шангҳай шуданд. Ҳамакнун Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шангҳай аст.

Акнун Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Туркия, Шри-ланко, Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа шарики гуфтугӯ бо ин созмон ҳастанд. Дар нишасти Созмони Ҳамкории Шангҳай дар шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри соли 2021 мароҳилу фарояндҳои ироаи мақоми шарики гуфтугӯ ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

Нишасти СамарқандСозмони Ҳамкории Шангҳай
Comments (0)
Add Comment