Дидор ва гуфтугуи Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои Озарбойҷонияш

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои озарбойҷонияш густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ кард.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои озарбойҷонияш густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ кард.

Музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Озарбойҷон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ва Соҳиба Ғафорова баргузор шуданд.

Тибқи иттилои Маҷлиси миллӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо ҳамтои озараш ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Душанбею Бокуро баррасӣ намуданд.

Дар иттилоия омадааст

“Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва нақши муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат мусоидат менамоянд”.

Зикр гардидаст, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории самарабахш доранд.

Дафтари матбуот афзуд :

“Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд”.

Дар идома таваҷҷуҳи ҷониби Озарбойҷон ба коркарди муштараки масъалаҳо барои афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои дутарафа ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани сохтори он ҷалб карда шуд.

Инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, мелиоратсия, логистика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи самарабахши қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ муҳим хонда шудаст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раиси Милли Маҷлиси Озарбойҷон дар доираи сафараш бо роҳбарони баландпояии Тоҷикистон мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ менамояд.

Ҳайати парлумонии Озарбойҷон, таҳти роҳбарии раиси Милли Маҷлис, Соҳиба Ғаффоова барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар фурудгоҳ меҳмони воломақомро муовини якуми раиси палатаи болоии парлумони ҶТ, Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.

Ин сафар дар ҳолест, ки қаблан ҳайати парлумони Тоҷикистон дар Озарбойҷон қарор дошт.

Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар доираи сафар ба Боку гуфт, ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии ҶТ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад.

Зокирзода ҳавасмандии Душанберо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон баён дошт.

Вай гуфт :

“Муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ, низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем”.

Инчунин аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон дар соли 2018-ум зикр шудаст, ки зимни он 12 санади нав ба имзо расида. Дар маҷмуъ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳднома баста шудааст.

Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр шудааст, ки комиссияи дахлдор дар ин бора фаъолият дошта, бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ соли 2020 Хонаи тиҷоратии “Тоҷикистон” дар шаҳри Боку таъсис ёфтааст.

 

ОзарбойҷонРустами ЭмомалӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment