Баргузории маросими ҷашну таҷлили 31-умин солгарди Рӯзи истиқлол (6 акс)

Маросими таҷлил аз 31-умин солгарди Рӯзи истиқлол бо ширкати раисҷумҳур, раиси Маҷлиси миллӣ ва ҷамъе аз мардум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Маросими таҷлил аз 31-умин солгарди Рӯзи истиқлол бо ширкати раисҷумҳур, раиси Маҷлиси миллӣ ва ҷамъе аз мардум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Маросими таҷлил аз 31-умин солгарди Рӯзи истиқлол бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва ҷамъе аз мардум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ибтидои ин маросим Раҳмон ба ҳамроҳи шаҳрдори пойтахт майдони Истиқлол ва маҷмӯаи меъмории намоди “Истиқлол”-ро дар шаҳр Душанбе ифтитоҳ ва сипас дар барномаи бузурги фарҳангии ширкат ва суханронӣ кард.

Вай истиқлоли давлатии Тоҷикистонро оғози давраи комилан нав дар таърихи кишвардории тоҷикон, марҳилаи ҷадид дар шаклгирии ҳувияти миллӣ ва муқаддастарин ва бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон донист ва ифтитоҳи чунин майдони зебо ва маҷмӯаи бошукӯҳи меъморӣ ба унвони намоди истиқлол ва озодиро аз дигар дастовардҳои сокинони кишвар ёд кард.

Раҳмон ҳадаф аз эҳдоси муҷассамаи “истиқлол” дар пойтахтро, пеш аз ҳар чизе, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик, таҷассуми аркони муҳими кишвардорӣ, иртиқои эҳсоси худогоҳии миллӣ ва тақвияти зеҳн ва шуъури шаҳрвандони кишвар, ба вежа, навҷавонон ва ҷавонон хонд.

Бинобар суханони вай, имрӯз мардуми тоҷик ба хубӣ дарк кардаанд, ки тамоми пешрафтҳои кишвар қабл аз ҳар чиз ба баракати истиқлол ва озодӣ, сулҳу оромиш, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳод ва инсиҷоми мардуми тоҷик ба даст омадааст.

Вай дар суханронии худ дар маросими Рӯзи истиқлол афзуд: дар оянда ҳам мо бояд бо иттиҳод ва инсиҷом ва талошҳои созанда сарзамини аҷдодии худро боз ҳам ободтар ва зеботар кунем ва тамоми тавонро барои тавсеаи кишвари мустақилли худ ва афзоиши шӯҳрати он дар арсаи байналмилалӣ фароҳам кунем.

Раҳмон илова кард: “Рӯйдодҳои ҷорӣ дар ҷаҳони мутазодди имрӯз ба ҳар як аз мо ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша барои ҳифзи истиқлол ва ҳимоят аз манофеи кишвар ва миллати худ ҳушёр ва омода бошем”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар поён барои мардуми тоҷик сулҳу оромиш, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту рифоҳ орзӯ кард.

Рӯзи истиқлолРустами ЭмомалӣТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment