Узви НАТО: Хатари ҷанги бо Русия ҷиддист

Муовини вазири дифоъи Полша муддаӣ шуд эҳтимол дорад дар се то 10 соли оянда даргирии низомӣ байни ин кишвари узви НАТО ва Русия рух диҳад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Марсин Осиппа”, муовини вазири дифоъи Полша чаҳоршанбе (ҳаштуми сентябр) дар мусоҳиба бо рӯзномаи ин кишвар гуфт эҳтимол дорад дар се то 10 сол оянда Полша худро дар даргирии низомӣ бо Русия бубинад. Вай афзуд Варшава бояд дар замони боқимонда то қабл аз ин ҷанги мафруз то ҷойи мумкин таслиҳот ба даст овард.

Ин мақоми полшаӣ зимни ин иддао, ки «хатари ҷиддии ҷанги бо Русия вуҷуд дорад», гуфт замони ин ҷанг эҳтимолан ба ин бастагӣ дорад, ки даргирӣ дар Украина читавр поён меёбад. Ба иддаои муовини вазири дифоъи Полша, ин масъала дар ниҳоят ба ин бастагӣ дорад, ки Русия барои бозсозии зарфияти низомии худ ба чанд сол ниёз дорад. Ӯ аз авомили дигар, ки метавонад хатари даргириро афзоиш ё коҳиш диҳад, ном набурд.

Ба гузориши шабакаи “Роша Тудей”, Марсин Осиппа ин мавзӯъро ҳангоми тавсифи воқеияти геополетикӣ, ки зоҳиран Полшаро маҷбур ба афзоиши сареъи зарфияти дифоъӣ худ карда, матраҳ кард. Вай дар ҳоле, ки аз ончи расонаҳои полшаӣ будҷаи низомии бесобиқаи ин кишвар хондаанд, ки бо ҳазинаҳои изофӣ «таъриф нашуда» такмил мешавад, дифоъ мекард, гуфт: мо бояд аз ин замон барои таслиҳи ҳаддиаксарии артиши Полша истифода кунем.

Ба гузориш як расонаи полшаӣ, пешнависи будҷаи давлат Полша барои соли оянда ҳазинаҳои бесобиқаеро барои неруҳои мусаллаҳ, ки болиғ бар 20.52 миллиард доллар аст, шомил мешавад.

Муддатҳост, ки Варшава ба таҳдиди иддаоӣ аз сӯи Русия ишора мекунад. Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Полша ва кишварҳои Балтика бо зикри ин таҳдид иддаоӣ, хостори ҳимояти низомии бештари Амрико ва НАТО шудаанд. Дар тарафи дигар, Маскав исрор дорад, ки густариши блоки низоми ғарбии НАТО ба самти марзҳои Русия яке аз далоиле буда, ки даст ба амалиёт дар Украина задааст.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО чаҳоршанбе (ҳафтуми сентябр) аз кумаки низомии ин блок ба Украина дифоъ кард ва гуфт агар Русия дар Украина муваффақ шавад, мумкин аст ба муттаҳидони НАТО ҳамла кунад. Полша яке аз ҳомиёни сарсахти Киев аз оғози даргириҳо дар Украина буда мавзеъи сахти дар қиболи Русия иттихоз кардааст. Варшава судури раводид барои шаҳрвандони русро мутаваққиф карда ва аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо буда, ки аз мамнуъияти судури раводид дар саросари ин Иттиҳодия барои русҳо ҳимоят кардааст.

ВаршаваНАТОПолшаРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment