Эътирози фаластиниён аз идомаи боздоштҳои сиёсӣ

Фаластиниён дар эътироз ба идомаи боздоштҳои сиёсӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдун,дар Ромуллоҳ таҷаммуъ карданд .

Фаластиниён дар эътироз ба идомаи боздоштҳои сиёсӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдун,дар Ромуллоҳ таҷаммуъ карданд .

Ташкилоти худгардони Фаластин бо вуҷуди дархости аҳзоб, гуруҳҳо ва мардуми Фаластин барои таваққуфи ҳамоҳангии амниятӣ бо Тел-Авив ва канор гузоштани ин сиёсат, бо боздоштҳои сиёсӣ ва ҷилавгирӣ аз эътирозоти мардумӣ алайҳи режими саҳюнистӣ, ба ҳамоҳангии амниятии худ идома медиҳад ва даҳҳо фаъоли маданӣ ва сиёсии мухолифи ин сиёсатро боздошт кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, фаластиниён дар ин таҷаммуъ поён додан ба боздоштҳои сиёсӣ, таваққуфи шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва озодии ононро хостор шуданд .

Дар ин таҷаммуъ шумори зиёде аз хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ низ ҳузур доштанд .

Онҳо бо дар даст гирифтани навиштаҷотҳое  эътирози худро ба идомаи боздоштҳои сиёсӣ тавассути хадамоти амниятии Ташкилоти худгардон нишон доданд .

Асмо Ҳаряш, хоҳари яке аз зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои Ташкилоти худгардон гуфт : 40 рӯз аст хостори мулоқот бо вукалои худ шуданд, аммо вақте вукалои онҳо ба зиндони Ариҳо муроҷиа карданд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамаи онҳо ба Ромуллоҳ мунтақил шудаанд .

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Донишгоҳи бузурги Миср, Ал-азҳар дар вокуниш ба идомаи ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза баёния нашр кард.

Дар ин баёния омадааст, ки Ал-азҳар ба шиддат терроризми яҳудӣ алайҳи Ғазза ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ ва захмӣ шудани даҳҳо нафар ҳамчунин ҳадаф қарор додани кӯдакон ва занонашонро маҳкум мекунад.

Ал-азҳар ҳамчунин сукути ҷаҳонии ғайнимаъқул ва ғайримақбул дар ин заминаро маҳкум ва таъкид кард, ки ин сукут, режими яҳудиро ба сурати ғайриахлоқӣ ва ғайримутамаддинона барои идомаи нақзи ҳуқуқи башар ва таҷовузҳои идомадораш дар ҳаққи бародарони бегуноҳи фаластинии мо тарғиб мекунад.

Донишнгоҳи Миср ин иқдомоти Исроилро нуқтаи сиёҳе бар пешонии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва башарият донист.

Режими яҳудии Исроил дар идомаи ҷиноятҳои худ алайҳи марудми мусалмони Фаластин, асри ҷумъа бо ҳадаф қарор додани як манзили истиқоматӣ дар Навори Ғазза чандин зану кӯдакро ба ҳамроҳи як фармондеҳи ҷабҳаи муқовимати ин кишвар ба шаҳодат расонд. Ҷабҳаи муқовимати Фаластин ҳам дар посух ба ин ҷинояти яҳудиҳо, Исроилро мушаку ракетаборон карда яҳудиҳоро равонаи паноҳгоҳҳо карданд.

 

боздоштҳои сиёсӣФаластиниёнэътироз
Comments (0)
Add Comment