Фармони Раҳмон барои оғози даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ

Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд. Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми сентябр имзо кардааст.

Бар асоси ин фармон, ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ даъват мешаванд.

Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.

Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.

Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Қайд карда мешавад, ки хидмати ҳарбӣ дар кишвар бо сахтгириҳо анҷом мешавад ва дар даври даъват ба хидмат “облава” анҷом мешавад, ки шаҳрвандон шикоятҳои ҷиддӣ аз раванди ин нақшаи давлатӣ доранд ва мақомот талоше барои тағйири раванд анҷом намедиҳанд.

Вазорати дифои ТоҷикистонВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонҚувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонХидмати ҳарбӣЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment