Рамазон Қодиров дар фикри истеъфо аст

Раҳбари ҷумҳурии мухтори Чеченистон гуфтааст, ки имкони истеъфо аз мақомашро баррасӣ мекунад.

Рамазон Қодиров, раиси Ҷумҳурии худмухтори Чеченистон дар суҳбатҳои видеоӣ дар канали худ дар Телеграм аз худ ба унвони “пурсобиқатарин раҳбар” дар миёни раҳбарони манотиқи Русия ёд карда ва гуфт, истеъфо аз мақомашро баррасӣ мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, раҳбари минтақаи Чеченистон, ки аз манотиқи худмухтори зери маҷмуъаи Русия маҳсуб мешавад дар суҳбатҳояш тасреҳ кард: “ман имрӯз дарёфтам, ки дар ҳақиқат пурсобиқатарин раҳбари машғул ба кори яке аз манотиқи тобеи федератсиян Русия ҳастам. Ман то кунун муддати 15 сол аст, ки ин Ҷумҳуриро идора кардаам.”

Рамазон Қодиров муддатҳо қабл аз шурӯи амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар ҳадафи таҳримҳои Амрико қарор гирифта буд. Бо ин вуҷуд пас аз пайвастани неруҳои Чечен ба артиши Русия дар ин амалиёт Амрико ва Аврупо муҷаддадан таҳримҳои ҷадидеро алайҳи ӯ ва хонаводааш иҷро карданд.

Ӯ дар идомаи суҳбатҳояш тасреҳ дошт: “ман фикр мекунам, ки замони канорагирии ман қабл аз онки манро канор бигузоранд фаро расидааст. Мо баррасии ин иқдомро шурӯъ кардаем.”

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Қодиров дар матни понависи ин видео навишт, ки эътиқод дорад “шоистаи поёни боз ва як таътилоти тӯлонӣ аст.”

истеъфоРамазон ҚодировРусияЧечен
Comments (0)
Add Comment