Фақр танҳо мероси ҳузури Амрико дар Афғонистон буд

Сарвазири давлати муваққати Толибон гуфт: неруҳои амрикоӣ дар ҳангоми хуруҷ тамоми таҷҳизоту имконотро аз Афғонистон хориҷ карда ва танҳо фақрро барои мардум ба ирс гузоштанд.

Мулло Муҳааммадҳасан Охунд, сарвазири давлати муваққати Толибон имрӯз (чоршанбе) тайи суханоне дар маросими солгарди хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт: замони хуруҷи неруҳои хориҷӣ тамоми таъсисоту зерсохтҳои Афғонистон аз бай бурда шуда буд.

Вай, ки дар пойгоҳи низомии Багром суханронӣ мекард афзуд: аммо бо омадани Иморати исломӣ қатлу бомбаборон поён ёфта ва амният дар нуқоти мухталифи кишвар таъмин шудааст.

Сарвазири Толибон дар идома гуфт: замоне, ки неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд ҳама чизро бо худашон бурданд ва бар Афғонистони маҳдудиятҳо вазъ карданд, ки сабаби ғурбату фақр дар кишвар шуд.

Вай таъкид кард: фишору таҳрим ҳечгоҳ натиҷа надода, аммо роҳи тафоҳум, ҳамоҳангӣ ва бародарӣ натиҷа медиҳад.

Ин дар ҳолеаст, ки забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон низ ба муносибати нахустин солгарди хуруҷи Амрико аз Афғонистон, гуфтааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ сиёсати мантиқиро дар баробари Афғонистон интихоб кунад.

Сухангӯи Толибон дар баёнияе, хуруҷи неруҳои хориҷиро “пирӯзии бузург” барои ин гуруҳ хонда ва гуфта, “муҳим ин аст, ки арзишу аҳамияти ин пирӯзиро дарак кунем.”

Муҷоҳид навиштааст: аз фурсатҳои ин фатҳи бузург истифода кунем ва барои тақвият, назму пешрафти низом, талошҳои хастагинопазир намуда ва як низоми исломии комилан қавӣ ва мустаҳкамро ҳоким намоем.

АмрикоАфғонистонТолибонфақр
Comments (0)
Add Comment