Сабаби даргириҳои хунин дар Ироқ

Канорагирии раҳбари ҷараёни Садр аз сиёсат, вазъияти Ироқро вориди фози ҷадиде кардааст; Акнун бо таътилии Бағдод бояд дид, ки раванди таҳаввулот ба созиш хатм мешавад ё ташдиди таниш?

Канорагирии раҳбари ҷараёни Садр аз сиёсат, вазъияти Ироқро вориди фози ҷадид кардааст. Вай дар ин истеъфо иддао карда, ки ҳеҷ замоне иддаои раҳбарӣ ва марҷаъият надошта ва барои ҳамеша аз фаъолиятҳои сиёсӣ канорагири мекунад.

Канорагирии раҳбари ҷараёни Садр пас аз судури баёнияи муҳимми оятуллоҳ «Сайид Козим Ҳоирӣ» эълон шуд. Оятуллоҳ Сайид Козим Ҳусайни Ҳоирӣ, ки ба унвони марҷаъи тақлиди бисёре аз тарафдорони ҷараёни Садр ва шахси Муқтадо Садр шинохта мешавад, бо эълони канорагирии худ аз марҷаъият ба сабаби беморӣ ва куҳулати син, ба таври ғайри мустақим Муқтадо Садро хитоб қарор дод ва аз тафриқа афиканӣ миёни мардуми Ироқ ба номи шаҳидайни Садр ба шиддат интиқод кард. Муқтадо Садр ҳам дар баёнияи истеъфояш ба ин масъала вокуниш нишон додаву гуфт: «бисёре аз ҷумла оқои Ҳоирӣ фикр мекунанд, ки ин раҳбарӣ ба лутф ё дастури онон ба даст омадааст дар ҳоле, ки ин ба лутфи Худованд ва файзи падарамон будааст».

Оятуллоҳ Ҳоирӣ марҷаъи шиаёни Ироқ аз пайравони худ хостааст барои масалаҳои фиҳқӣ ба Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Алӣ Хоманаӣ муроҷиат намоянд.

Дар Бағдод задухӯрд байни нерӯҳои сиёсии Ироқ башиддат идома дорад: дар пойтахт садои тир ва таркиши миномёт ба гӯш мерасад.

Ба гузориши шабакаи “Al Jazeera”  Қурбониёни ошӯб дар Бағдод, пойтахти Ироқ, алакай 20 нафар ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Нооромиҳо дар ин шаҳр пас аз он шурӯъ шуд, ки раҳбари маъруфи шиаён Муқтадо Садр бинобар норизоиятии ҳукумати Ироқ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ ва таъсиси эътилофи густурдаи нерӯҳои шиъа дар ҳукумат аз сиёсат хориҷ шуданаро эълон кард.

Пас аз ин садҳо ҷонибдорони сиёсатмадор ба “минтақаи сабз”-и Бағдод, ки муассисаҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳо ҷойгиранд, зада даромаданд.
Онҳо сипас вориди қароргоҳи ҳукумат шуданд ва дар он ҷо бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд, ки дар пайи он нерӯҳои амниятӣ бо истифода аз яроқ ва гази ашковар Қасри ҷумҳуриро озод кунанд.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар Бағдод ва Басра задухӯрдҳои шадид миёни бригадаи “Сарой ас-Саломи” тобеъи Ас-Садр ва дастаҳои шиаён “Ал-Ҳашд аш-Шабӣ” идома дорад.

Тарафҳо аз миномётҳо ва пулемётҳои вазнин истифода мебаранд. Ҳукуматдорони Ироқ соати комендантӣ эълон карданд ва нерӯҳои вижаи артиш барои таъмини амният ба пойтахт фиристоода шуданд.
Дар задухӯрд аллакай ду сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Ба далели вазъи ноустувор ҳукумат рӯзи сешанберо рӯзи ғайрикорӣ эълон кард.
Нахуствазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ аз Муқтадо Садр хостааст, ки аз тарафдоронаш даъват кунад, ки биноҳои ҳукуматии ишғолкардаашонро тарк кунанд.
Дар навбати худ сиёсатмадор аз оғози гуруснанишинӣ хабар дод, ки қасд дорад то поёни хушунатҳо дар кишвар идома диҳад.
Бархе аз давлатҳо аз нооромиҳо дар Ироқ изҳори нигаронӣ карда, ба ҳалли зудтари вазъ изҳори умедворӣ карданд. Чунин изҳорот аз ҷониби Туркия ва Миср садо доданд.
Дар ҳоли ҳозир ҳукумат ва нерӯҳои сиёсии ин кишвар дар мавриди оташбас музокира доранд.

 

ИроқМуқтадо Садрнооромисиёсат
Comments (0)
Add Comment