Абдуллозода вазири кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифт

Роҳбарияту кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои бори чаҳорум бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуданд

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ додааст: Ин бори чаҳорум аст, ки кормандони вазорати тандурустӣ бар зидди коронавирус моякӯбӣ мешаванд.
Ахиран Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ҳамроҳ бо муовинонаш ва кормандони вазораташ бар зидди COVID-19 ваксина гирифтанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишварҳои ҳамсоя шурӯъ аз 16 августи соли равон даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид.

Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров гуфта буд, ки ба давраи чоруми ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.
Ӯ гуфта буд: “Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд. Тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд”.
Вай илова карда буд, ки ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома хоҳад ёфт.

Вазорати тандурусӣваксинаКОВИД-19коронавирусҶамолиддин Абдуллозода
Comments (0)
Add Comment