Коронавирус дар соли ҷорӣ як миллион қурбонӣ гузошт

Шумори қурбониёни коронавирус дар соли ҷорӣ ба беш аз 1 миллион нафар расидааст.

Тедрос Адҳаном, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як конфронси хабарӣ дар маркази ин созмон дар Женева ба арзёбии КОВИД-19 пардохт.

Вай зимни ишора ба инки густариши коронавирус аз авохири соли 2019 то ҳол 6 миллиону 45 ҳазор қурбонӣ бар ҷо гузоштааст гуфт, ҳафтаи нороҳаткунандаеро бо ба қайдгирии як миллион қурбонии КОВИД-19 аз оғози соли равон то ҳол паси сар кардем.

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳодошт зимни ишора ба инки ин мизон қурбонӣ ба иллати коронавирус бо вуҷуди истеҳсоли ваксина ва доруҳои пешгирикунанда аз марг, ғайри қобили қабул аст гуфт, аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хостори эмгузаронии кормандони беҳдоштӣ, солмандон ва афроди осебпазир аз ин вирус ҳастем.

Тедрос Адҳаном бо ишора ба инки 136 кишвари ҷаҳон то поёни моҳи июн натавонистанд ба ҳадафи эмгузаронии 70 дарсадӣ дастёбанд, таъкид кард, аз байни ин кишварҳо 66 кишвар ҳануз натавонистаанд, ҳатто ба ҳадафи эмгузаронии 40 дарсадии ҷамъияти худ дастёбанд.

коронавирус
Comments (0)
Add Comment