Ихроҷи ду вакил аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ихроҷи ду вакили тоҷик пеш аз муҳлати ваколаташон раъй дод.

Дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш дод, ки ваколатҳои ду намоянда аз парлумон пеш аз муҳлат қатъ карда шудааст.

Ниҳоди мазкур мегӯяд, Ваколатҳои вакилии Файзулло Машраб Қурбоналӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд.

Тибқи ин гузориш, ӯ ҳамчунин аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия озод карда шудааст.

Қатъи ваколату барканории Машраб Файзулло дар ҳолест, ки ӯ ахиран бо қарори ҳукумат ба вазифаи нав таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат Файзулло Машраб Қурбоналиро ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русия таъйин кард.

Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии Назирӣ Гулбаҳорро қабул намуданд. Ҳамчунин аз таъйиноти Назирӣ Гулбаҳор Назир ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин фармонҳои дигари президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллиро таъйид карданд.

Аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуда, Шарифзода Фируз Ҳомиддин вазифаи муовини раиси БМТ-ро гирифт.

Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки фармони таъйиноти ӯро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонпарлумон
Comments (0)
Add Comment