Даргириҳо бо Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ мунҷар ба тазъифи артиши Телавив шудааст

Як низомии аршади режими палиди саҳюнистӣ нисбат ба заъфи неруи заминии ин режими ҷинояткор ҳушдор дода аст.

 

Як низомии аршади режими палиди саҳюнистӣ нисбат ба заъфи неруи заминии ин режими ҷинояткор ҳушдор дода аст.

Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоъ расонии “Фаластин“, “Исҳоқ Брик”, генерали захираи артиши режими палиди саҳюнистӣ нисбат ба паёмадҳои манфии сиёсати раҳбарони ин режим дар арсаҳои сиёсӣ ва низомӣ ҳушдор дод.

Ин генерали саҳюнистӣ сиёсати раҳбарони ин режимро мубтанӣ бар тарҷеҳи истифода аз неруҳои ҳавоӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ба тавсеа ё тавоноиҳои мавҷуди неруи заминӣ унвон карда ва чунин рӯйкардеро бисёр хатарнок тавсиф карда аст.

Исҳоқ Брик, бо интишори мақолае гуфт: даргириҳои мухталиф бо Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Ғазза ба пас рафти Исроил ва аз даст додани қудрати артиш барои иҷрои размоишҳои заминӣ ё иқдом дар чанд ҷабҳаи мухталиф бидуни хисоратҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои шаҳракнишинон мунтаҳӣ шуда аст.

Ин генерали саҳюнистӣ раҳбарони сиёсӣ ва фармондаҳони низомиро ба бетаваҷҷӯҳӣ ба неруи заминии артиш аз тарси хисоратҳои ворида ва ҳамчунин талафоти инсонӣ муттаҳам намуда ва таъкид кард ин воқеият сабаб шуда Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ эҳсос кунанд дар баробари артиши заиф қарор доранд, ки ҷуръати иқдоми заминиро надорад ва ҳамин масъала ангезаи онҳо барои иқдом алайҳи моро афзоиш дода аст.

Камтар аз як моҳ пеш низ, Алҷазира дар гузорише ба заъфи дохилии режими саҳюнистӣ ишора карда ва дар ин иртибот навишта буд: дар шароите, ки ба назар мерасад режими саҳюнистӣ дар ҳоли густариш нуфузи геопултикии худ дар минтақаи ховари миёна ва ҷаҳон аз тариқи вуруд ба эътилофҳо ва тавофуқоти сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ аст, аммо авзоъи дохилии он ҳикоят аз вазъияти мутафовит дорад ба тавре, ки тайи чанд моҳи ахир, шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, низомӣ ва расонаӣ Исроил ҳушдорҳои бисёре дар хусуси вахимтар шудани хатарот ва таҳдидот алайҳи ин режим матраҳ кардаанд.

ФаластинҲамосҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment