Нигаронии Исроил аз афзоиши ҳамкории “Сарая Ал-Қудс” ва баталиёни шаҳидони “Ал-Ақсо”

Режими палиди саҳюнистӣ нигарони физояндаи афзоиши ҳамкорӣ байни баталиёни шаҳидони "Ал-Ақсо", шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ ва гурӯҳонҳои Қудси Фаластин дар Ҷинин аст.

 

Гузориши ироа шуда аз радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ ҳокӣ аз нигаронии физояндаи ин режими палид аз афзоиши ҳамкорӣ байни баталиёни шаҳидони “Ал-Ақсо”, шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ дар Наблус ва гурӯҳонҳои Қудс шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Ҷинин дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ дорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, пойгоҳи хабарии “The New Arab”, имрӯз чаҳоршанбе бо эъломи ин матлаб афзуд: ин афзоиши ҳамкори ба думболи террори “Иброҳим Набулси”, фармондеҳи гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо аст, ки дирӯз пас аз муҳосира ва инфиҷори хонааш дар шаҳри Наблус бадасти неруҳои ишғолгари Исроил ба шаҳодат расид.

Дар ин гузориш бо ишора ба ҳамкории дастгоҳҳои амниятии ташкилоти худгардони Фаластин ва режими саҳюнистӣ омада аст: агар чи гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо дар марҳилаи аввал вобаста ба Ҷунбиши Фатҳ ҳастанд, вале кумакҳои молӣ, силоҳ ва муҳиммоти мавриди ниёзи худро аз ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дарёфт мекунад ва наздик шудани неруҳои гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо ва Сарая Ал-Қудс мӯҷиби нигаронии сервисҳои амниятии ташкилоти худгардони Фаластин ва Исроил шуда аст ва бинобар ин ҳар дуи ин ташкилоти амниятӣ талош мекунанд то ҷойи мумкин ин иртиботи хатарнокро ҳадаф қарор диҳанд.»

Дар гузориши ин расонаи исроилӣ омада аст: гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо, ки умдатан дар Наблус ва Ҷанин фаъолият мекунанд, натанҳо таҳти расад ва пайгард дастгоҳҳои амниятӣ ва низомии Исроил ҳастанд, балки сервисҳои амниятии вобаста ба Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардони Фаластин низ бадунболи онҳо ҳастанд.

Неруҳои вежаи режими саҳюнистӣ дирӯз ба шаҳри Наблус дар Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурданд то як узви гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсоро боздошт кунанд. Ба думболи ин ҳамла, муборизони Фаластин низ бо ин неруҳо ба шиддат даргир шуданд, ки ин даргири ҳудуди се соат идома ёфт. Режими ҷинояткори саҳюнистӣ ин рӯзҳо нигарони шиддат гирифтани муборизаи мусаллаҳонаи неруҳои муқовимати Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ аст.

Ал-АқсоИсроилСарая ал-ҚудсФаластин
Comments (0)
Add Comment