Сурияро аз вуҷуди террористҳо пок мекунем

Раисҷумҳури Туркия ба эҳтимоли амалиёти бурунмарзӣ барои поксозии созмони террористӣ ПКК аз марзи Туркия бо Сурия ишора кард.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ҷараёни дидор бо дипломатҳои кишвараш дар сездаҳумин конфронси сафирон дар Анқара гуфт: Мо ба мубориза алайҳи терроризм идома медиҳем. Тасмими мо барои эҷоди як хатти амниятии 30 километрӣ дар саросари марзи ҷанубӣ доимӣ аст. Умедворам, ки мо бо поксозии охирин манотиқе, ки ин созмони террористӣ дар Сурия дорад, ба ин муҳимм даст пайдо кунем.

Эрдуғон ҳамчунин гуфт, Туркия ба тамоми ҷаҳон нишон дод, ки ҳеҷ ҷое барои терроризм дар ояндаи кишвараш вуҷуд надорад.

Фаластин

Вай дар бораи ҳамлаи ахири Исроил ба Ғазза низ гуфт: ҳеҷ баҳонае барои куштори ғайринизомиён ба вижа кӯдакон ва навзодон вуҷуд надорад. Туркия дар канори мардуми Фаластин ва бародаронаш дар Ғзза мемонад. Туркия дар болотарин сатҳ аз ҳассосияти худ дар мавриди масъалаи Қудс ба давлати Исроил гуфта ва таъкид кардааст, ки Анқара аз роҳи ҳалли ду кишвар байни Исроил ва Фаластин ҳимоят мекунад.

Украина

Эрдуғон ҳамчунин дар бораи ҷанги Русия ва Украина низ гуфт: Анқара таъкид кард, ки ин ҷанг ҳеҷ пирӯзе надорад. Мо дар гуфтугӯҳоямон бо Владимр Зеленский ва Владимр Путин, русои ҷумҳури Украина ва Русия таъкид кардаем, ки мушкилот бояд аз тариқи гуфтугӯ ҳаллу фасл шавад. Бо вуҷуд ин мушкилот Туркия ба талошҳояш идома медиҳад ва ба думболи таҳаққуқи тавофуқи сотироти ғалла аст, ки моҳи гузашта ба даст омад.

Эрдуғон ҳамчунин идома дод: киштиҳои борӣ акнун дар масире, ки мо интизорашро доштем дар ҳаракат ҳастанд. Мо дар замоне, ки буҳрони ғизоӣ дар роҳ буд ба амнияти арзаи ҷаҳонӣ кумак кардем. Токунун муваффақ шудаем ин қарордодро бидуни мушкил ҷиддӣ иҷро кунем.

Финляндия ва Шветсия

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Туркия рӯйкарди мусбат дар қиболи узвияти Финляндия ва Шветсия дар НАТО надорад магар инки онҳо ба ваъдаҳояшон дар қиболи муқобила бо тероризм ҷомаи амал бипӯшонанд. Мо ҳамчунон дар бораи мавзеи худ дар қиболи ин ду кишвар побарҷо ҳастем. Узвияти ин ду кишвар дар НАТО то замоне, ки онҳо ба ваъдаҳояшон амал накунанд, таъйид намешавад.

ПККРаҷаб Тайиб ЭрдуғонСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment