Оғози мавсими тез-тез қатъшавии барқ дар Тоҷикистон

Мақомоти шабакаи барқ эълон карданд, ки дар мавсими тез-тез қатъшавии интиқоли барқ яъне дар тирамоҳу зимистон сокинонро аз қатъшавии барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд.

Ширкати Шабакаҳои тақсимоти барқ дар Тоҷикистон эълон кард, одати эълони қатъшавии интиқоли барқ тиқби нақшаро аз корхонаи Обу корез таълим гирифтааст.

Дар гузориши ин ширкат омадааст, дар пойтахт корхонаи “Обу корез” чунин таҷриба дорад ва ҳангоми қатъи интиқоли об ба ин ё он маҳаллаву микрорайонҳои Душанбе чунин огоҳӣ дар сомонаву саҳифаҳои иҷтимоии корхона ва шаҳрдорӣ нашр мешавад.

Баъзан (бисиёртар дар соли 2019) Шабакаҳои барқи Душанбе низ аз қатъшавии барқ дар ин ё он мавзеи пойтахт хабар медод, лекин баъдан ин таҷриба хотима ёфт.

Акнун истифодабарандагони барқ чӣ гуна дар бораи қатъи интиқоли он огоҳӣ мегиранд, ҳоло маълум нест.

Қобили зикр аст, ки пас аз ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии нав дар Душанбе ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввалини неругоҳи Роғун, ба назар чунин менамуд, ки мафҳуми “лимити барқ” дар гузашта боқӣ мемонад. Аммо бо фарорасии фасли тирамоҳ сокинони деҳот аз қатъи тез-тез ва тӯлонии барқ ​​шикоят мекунанд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” чунин қатъкуниҳои интиқоли барқро корҳои таъмиру навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо маънидод мекунанд, то ки дар фасли зимистон мушкилот пайдо нашавад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудиятҳоро дар ширкати “Барқи тоҷик” инкор намуда, зикр мекарданд, ки зерсохторро ба тартиб даровардан зарур аст.

Аҳолии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки мақомоти кишвар неруи барқро бо қимати камтар ба кишварҳои ҳамсоя содир мекунанд, вале онро бо қимати бештар ҳозир нестанд ба шаҳрвандони худ фурӯшанд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (дар баробари ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”) дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” таъсис дода шуд. Айни замон ин ду ширкат мустақилона кор мекунанд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ҷиҳати беҳбуди хидматрасонӣ ба истифодабарандагон, дар ҳолату хуби техникӣ ва коршоям нигоҳ доштани иншооти электроэнергетикӣ, коҳиши талафоти барқ, афзоиши ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ва дар ин асос роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои ҷорӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ мекунад.

барқБарқи ТоҷикТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment