Маскав ҳамалоти Исроил ба Ғаззаро маҳкум кард

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид дар суханоне зимни ибрози хурсандӣ аз барқарории оташбас дар Навори Ғазза, аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ интиқод кард.

Вебгоҳи Русия севодня гузориш дод, намояндаи доимии Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид дар нишасти шомгоҳи гузаштаи ин ниҳоди байналмилалӣ, дар пай барқарории оташбас дар Ғазза миёни Исроил ва Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, аз ҳама тарафҳо хост хештандорӣ карда ва аз вуруд ба даргирии ҷадид худдорӣ кунанд.

Вай афзуд: вахомати сареъи авзоъ дар минтақа, ки ба як даргирии мусаллаҳона ва талафоти инсонӣ бисёр сабаб шуд, моро ба шиддат нигарон кардааст.

Намояндаи доимии Русия дар СММ бо ишора ба оғози ин таҷовуз аз сӯи режими саҳюнистӣ, таъкид кард: ташдиди таниши ҷадид, ноши аз ҳамалоти неруи ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза дар 5 август буд, ки дар вокуниш ба он, гурӯҳҳои фаластинӣ ҳамалоти мушакии густардаи худро оғоз карданд.

Вай афзуд: мо бо ризоят ва хурсандӣ аз эъломи оташбас дар Ғазза истиқбол кардем ва аз ҳамон ибтидо кори сахтеро барои таваққуфи хусуматҳо доштем, ҳамчунин тамосҳои густардае бо шарикои аслии худ дар минтақа барқарор кардем.

Намояндаи Русия дар идома аз нақшофаринии мусбати Миср, Қатар ва СММ дар барқарории оташбас дар Ғазза қадрдонӣ кард ва хосторӣ пойбандии ҳамаи тарафҳо ба ин оташбас шуд.

ҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣРусияФаластин
Comments (0)
Add Comment